​Санҷиши маҳорату малакаи донишазхудкунии донишҷӯён

Бо мақсади муайян намудани маҳорату малакаи донишазхудкунии донишҷӯён, сатҳи фаъолияти касбии омӯзгорон, рушди қобилияти эҷодӣ, тарзи истифодаи усулҳои муосири таълим, истифодаи самараноки технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди таълим ва таҳлили дарсҳо санаи 13 декабри соли равон дотсент Маҳмадшо Маҳмадшоев - сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ба факултети иқтисодӣ ташриф овард. Дар ин зимн мавсуф раванди сатҳу сифати таълим, тарбия ва илмии донишҷӯёну устодонро мавриди баррасӣ қарор дод. Номибурда ба раванди машғулияти устодон ворид гардида, аз давомоти донишҷӯён ба дарс, мавҷудияти маводи таълимӣ, аз ҷумла китобҳои дарсӣ, ҳамзамонташкили чорабиниҳо доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,хондани асарҳои Пешвои миллатпурсон шуд.

Маҳмадшо Маҳмадшоев гузарониданисоатҳои тарбиявӣ аз ҷониби кураторони гурӯҳҳҳои академӣ, мавзӯҳои баррасишаванда дар дарс, инчунин ташрифи донишҷӯён ба китобхонаро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дод.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ