​ Саҳми Пешвои миллат – дар рушди соҳаи маориф

Дар кафедраи умумидонишгоҳии информатика таҳти унвони “Саҳми Пешвои миллат – дар рушди соҳаи маориф” семинари омӯзишӣ ташкил ва баргузор гардид. Дар оғози кори семинар иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи умумидонишгоҳии информатика Инобатҷон Икромова дар мавзуи “Саҳми Пешвои миллат – дар рушди соҳаи маориф” маъруза ироа намуд. Зикр шуд, ки бо ҳидояти роҳбари бохиради кишвар маориф ҳамчун соҳаи сарнавиштсози ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоии давлат яке аз самтҳои афзалиятнок эълон гардида, барои ислоҳоту рушди он аз рӯзҳои аввали истиқлол пайваста таваҷҷӯҳ ва ғамхории хоса зоҳир мегардид.

Номбурда дар идома бо иқтибос аз Паёми Пешвои миллат иброз дошт, ки “Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад”.

Гуфта шуд, ки мо бояд, ба масъалаи ҷалби бештари омӯзгорон ва донишҷӯён ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва рақамикунонӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани кадрҳои баландихтисос аҳамияти махсус диҳем.

Дар интиҳо дотсенти кафедра Ҳусенбой Ахмедов перомуни мавзуи баррасишуда изҳори назар намуда, татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро вазифаи муҳими ҳар як фарди ҷомеа маънидод намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ