Саҳми халқи тоҷик дар Ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Бо ташаббуси омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа дар факултети геоэкология ва туризм чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони “Саҳми халқи тоҷик дар ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” баргузор гардид.

Гуфта шуд, ки таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шуҳратманд аст.

Ҳамчунин қайд гардид, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 15 кишвари иттифоқии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон 250 ҳазор сокинони ин мамлакати офтобӣ ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба ҷонбозиҳо намудаанд.

Дар интиҳо аз ҷавонон даъват ба мал оварда шуд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро барои ободии Ватани хеш сарф намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ