​Сада - падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ

Бо ташаббуси кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ дар факултети забонҳои хориҷӣ чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони “Сада нахустин муждаи баҳор аст!” бо иштироки васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Нахуст, муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик Ҷамолиддин Абдукаримов роҷеъ ба таърихи Иди Сада ва эҳёи он дар замони соҳибистиқлолӣ ибрози назар намуд. Зимнан таъкид рафт, ки бо ибтикори созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар ҷашнҳои миллӣ, Иди Сада низ аз нав бо тамоми расму оин ва махсусиятҳояш эҳё шуд. Мавсуф афзуд, ки Сада чун падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ ба як ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллии мо табдил ёфтааст.

Дар идома донишҷӯён доир ба таърихи Иди Сада гуфторҳои назмиву насрӣ қироат намуданд.

Дар қисми фарҳангии чорабинӣ намоиши либосҳои миллӣ, суруд ва рақси дилошӯб аз тарафи донишҷӯёни бахши якум ва дуюм манзури тамошобинон гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ