​Рӯзи дарҳои кушод: довталабон бо имкониятҳои донишгоҳ шинос шуданд

Ҷиҳати муаррифии ихтисос, имконият, шароити таълим, сифати таҳсилот ва дастовардҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои довталабон дар бинои таълимии №2 рӯзи дарҳои кушод доир гардид.

Иҷрокунандаи вазифаи ректори донишгоҳ профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов перомуни иқтидори кадрӣ, илмӣ, базаи моддӣ-техникӣ ва афзалиятҳои донишгоҳ суханронӣ намуда, аз саҳми донишгоҳ ҷиҳати тарбияи кадрҳои ҳирфавии ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат таъкид намуд.

Ба хатмкунандагон иттилоъ дода шуд, ки соли таҳсили 2021-2022 ба курси якуми донишгоҳ 3799 нафар донишҷӯ дохил шуда, фаъолияти таълимӣ дар 18 факултет ва 82 кафедра ба роҳ монда шудааст. Ҳоло аз рӯи 99 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва 31 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таҳсил ҷараён дорад. Дар донишгоҳ 876 нафар омӯзгор, аз ҷумла 38 нафар доктори илм, профессор, 402 нафар номзади илм, дотсент, 208 нафар сармуаллим ва 212 нафар муаллим фаъолият менамоянд, ки 52%-и теъдоди умумии омӯзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд.

Гуфта шуд, ки тибқи Квотаи президентӣ 802 нафар, аз онҳо 485 нафар духтар дар шуъбаи рӯзона ва 14 нафар дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таҳсил мекунанд.

Профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов дар идома аз дастовардҳои илмиву варзишии устодону донишҷӯён, густариши робитаҳо бо макотиби олии кишвар ва хориҷ, фазои иттилоотӣ ва навгониҳои дигари самти фаъолияти донишгоҳ ҳарф зада, зикр дошт, ки беҳтарин кадрҳои омӯзгориву ғайриомӯзгорӣ, илмиву фарҳангӣ ва самтҳои мухталифи идоракуниву давлатӣ хатмкардаи ҳамин махзани илму маърифат -Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар донишгоҳ соли 2021 40 рисолаи номзадӣ ва 4 рисолаи докторӣ ҳимоя шуданд, ки нисбат ба соли 2020 рисолаи номзадӣ 5 номгӯ ва рисолаи докторӣ 2 номгў зиёд дифоъ гардидааст.

Дар раванди робитаҳои байналмилалӣ муассисаи таълимӣ маҷмӯан бо 50 донишгоҳи хориҷи дуру наздик ва муассисаи илмӣ - тадқиқотии бурунмарзӣ дар асоси шартномаҳои тарафайн ҳамкориро ба роҳ мондааст.

Ҳамзамон, як қатор донишҷӯёни донишгоҳ аз ҳисоби гирандагони стипендияҳо ва ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба сухан баромада, дар бораи афзалиятҳои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ибрози назар карданд.

Дар идома хатмкунандагону устодони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят бо ҳамроҳиии роҳбарияти донишгоҳ аз лаборатория, музей, синфхонаҳои таълимӣ, гербарий ва маркази тестӣ, боздид намуда, бо вазъи таълиму тарбия, шароити таҳсил, имконияту иқтидори донишгоҳ шинос гаштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ