​Рушди илми физика дар ҳалли муаммоҳои техника ва технология

Таҳти чунин унвон дар толори калони раёсати донишгоҳ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат», инчунин 60-солагии номзади илмҳои физикаю математика, дотсент, директори Маркази илмии Хуҷанди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мақсудӣ Анвар Темурзода конференсияи вилоятии илмӣ-амалӣ бо иштироки намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва олимону муҳаққиқони соҳа баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом чорабиниро ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки дар баробари ба истиқлоли миллӣ расидани Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, аз он ҷумла низоми маориф ва илм, марҳилаи нав оғоз гардид. Давлати соҳибихтиёри мо, ки тавассути иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқею мақоми аҳли зиё хеле боло рафт, иштирок ва саҳми амалии онҳо дар равнақу ривоҷи соҳаҳои гуногуни илму техника назаррас гардида, дар таълиму тарбияи ҷавонон вусъат пазируфт. Яке аз чеҳраҳои тобони илми физика ва математика, ки бо навоварӣ дар раванди таълим дар миқёси вилоят ва ҷумҳурӣ ном баровард, номзади илмҳои физикаву техника, дотсент Анвар Мақсудӣ ба шумор меравад.

Гуфта шуд, ки агар ба ҷараёни зиндагии ин нафари донишманд назар андозем, итминони комил ҳосил мекунем, ки ӯ ҳақиқатан фарзанди давраи истиқлоли миллии Тоҷикистон буда, фаъолияти навоварона дар раванди таълим ва муваффақиятҳои илмиаш намунаи барҷастаи рушду камоли маънавӣ дар ин шароити нави таърихӣ ба шумор меравад.

Таъкид рафт, ки дотсент Анвар Мақсудӣ дар кишвар аз нахустинҳоест, ки дар низоми фаъолияти муассисаи олӣ Маркази тестиро ҷорӣ намуд, илова бар ин ҷиҳати таъсиси системаи иттилоотӣ барои баланд бардоштани масъулияти ҳам устодон ва шогирдон заминаи хуб гузошт.

Қайд гардид, ки Анвар Мақсудӣ барои хидматҳои шоиста дар пешрафти низоми маорифи кишвар аз ҷониби Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 ба медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ шуда, ҳамчунин аз ҷониби яке аз созмонҳои бонуфузи Федератсияи Русия соли 2014 ба «Медали Шараф», дараҷаи II-и Комиссияи умумиирассиягӣ дар мубориза бо коррупсия” сарфароз гардидааст.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзоғуфрон Ғафуров номаи табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро қироат намуда, иброз дошт, ки хидматҳои Анвар Мақсудӣ дар такомули илму маориф, тарбияи мутахассисон, омода намудани кадрҳои болаёқати илмиву педагогӣ, саҳми шоиста дар рушди илмҳои физикаю техника басо назаррас мебошад.

Баъдан, дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва физикаи ДПДТТ Файзуллохӯҷа Ҷалилов дар мавзуи “Олим, эҷодкор, созанда”, Мухторҷон Эгамов, муовини директори Маркази илмии Хуҷадии АМИТ дар мавзуи “Саҳми Мақсудӣ Анвар Темурзода дар рушди илми физикаи назариявӣ” ва дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Насимҷон Умаров дар мавзуи “Усулҳои муосири тадқиқи сохтори моддаҳо” маърӯза ироа намуданд.

Дар фарҷоми конференсия барқияҳои табрикотии ба унвони чорабинии имрӯза ворид гардида шунида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ