РӮЙ ОВАРДАН БА КИТОБ – ОМИЛИ МУҲИММИ ПЕШГИРИИ ЭКТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ
Пӯшида нест, ки солҳои охир дараҷаи таълиму тарбия дар байни насли наврасу ҷавон рӯ ба пастравӣ ниҳода, боиси нигарониҳо барои ояндаи дурахшони давлату миллат гардидааст. Падидаи мазкур ба омилҳои гуногун вобаста буда, бештари маврид ба дастрасии иттилоот ва раванди ҷаҳонишавӣ марбут мебошад. Ин раванд боис ба ворид гардидани иродаву фарҳанги таҳрифкори ниҳодҳои сиёсии хориҷӣ дар байни қишри таъсирпазири ҷомеаи мо шудааст. Боиси таассуф аст, ки як идда насли наврасу ҷавони мо, ки аз равандҳои мухталифи ҷаҳони муосир иттилои комил надоранд, ба гумроҳӣ рӯ ба рӯ мешаванд ва зуд туъмаи гурӯҳҳои тундрав мегарданд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз хатари экстремизм ва терроризм тамоми сайёраро таҳдид мекунад. Ин раванд муборизаи дастаҷамъона ва содиқонаву холисонаро аз ҳар узви сайёра тақозо дорад. Боиси нигаронии бештар ин аст, ки чанде аз нафарони қишри таъсирпазири ҷомеаи мо (наврасону ҷавонон) бо роҳнамоии баъзе аз ашхоси худхоҳу манфиатталаб ва хоину ватанфурӯш даст ба амалҳои ношоям зада, ояндаи худро нобуд ва зиндагии хурраму осудаи волидайну пайвандонашонро ба тирагӣ кашида истодаанд. Таърих собит сохтааст, ки ҷангу куштор ва ғорат ба ҳеҷ як аз қавму миллат ва давлат хушбашбахтӣ наовардааст ва нахоҳад овард. Роҳи расидан ба саодат танҳо аз тариқи илму маорифу фарҳанг дастрас асту бас.
Огоҳии комил аз таъриху фарҳанги миллӣ, хазинаи бузурги адабӣ, сиёсати намунавии давлатдории миллӣ ва хизматҳои шахсиятҳои беназири таърихи миллат ба мо имкон медиҳад, ки ба оянда қадамҳои дурусту устувор гузорем ва ояндаи дурахшони худро таъмин намоем. Бешубҳа беҳтарин ва наздиктарин роҳи расидан ба саодати зиндагӣ ин рӯй овардан ба китобу китобхонӣ аст.
Хушбахтона, дар ҷумҳурии азизи мо барои китобу китобхонӣтаваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад, ки инро мо дар ташкили озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат», «Шоҳномахонӣ», ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ва назири инҳо мушоҳида менамоем.
Боиси зикр аст, ки ташкилкунанда ва сарпарасти ин озмунҳои бузурги илмиву фарҳангӣ роҳбари олии мамлакат, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҳамасола бо ҷоизаҳои бештару сатҳи ташкилии баланд баргузор мешавад. Пешвои муаззами миллат борҳо дар суханрониҳои хеш таъкид кардаанд, ки маҳз китобу китобхонӣ инсонро ба қуллаҳои мақсуд мерасонад ва бо ин мақсад озмунҳои бонуфузи китобхонӣ роҳандозӣ шудааст. Чунончи: «Мехоҳам хотирнишон намоям, ки омӯхтани забон ва равону суфта шудани он танҳо ба шарофати мутолиаи китоб муяссар мегарданд». Роҳбари давлат нақши беназири китобу китобхониро дар равнақи фикрӣ ва ташаккули шахсияти насли наврасу ҷавон ва ташаккули тафаккури солими баҳодиҳӣ ва инкишофи бештари ҷаҳонбинии қишрҳои гуногуни ҷомеа дарк карда, озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат», «Шоҳномахонӣ», ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» роҳандозӣ кардаанд. Сарвари давлат таъкид кардаанд, ки ҳадаф аз роҳандозии озмунҳои зикршуда тақвияти тафаккури солими миллӣ ва дарёфти чеҳраҳои гуногуни илмиву фарҳангӣ аз байни ҷавонон ва наврасон мебошад. Чунончи «Хотирнишон месозам, ки ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад» (аз Паёми Преиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 21.12.2021).
Моро зарур аст, ки бо рӯй овардан ба китобу китобхона ва китобхонӣ сатҳи маънавиёт, фарҳанг ва огоҳии таърихии худро боло бурда, дар тараққиёти кишвари азизамон саҳм гузорем ва аз фарҳангу тамаддуни бегона эмин бошему дар тарбияи насли наврас уҳдадории касбӣ ва иҷтимоии худро ба таври шоста иҷро намоем.
Ноил Мирзозода,
устоди кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷики
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»