​Роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм дар байни ҷавонон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонсоли 2017 -ро соли ҷавонон эълон намуда, ќайд карданд, ки ояндаи давлат дар дасти ҷавонон аст ва бояд давлат нисбати онҳо ғамхорӣ намояд ва тамоми шароитҳои заруриро муайян кунад. Вобаста ба ин дар ҷумҳурии мо таваҷҷӯҳ ба ҷавонон, ба тарбияи шоистаи эшон ҳамарӯза меафзояд.

Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ ҷавонон имрӯз дар аксарияти соҳаҳои ҷамъият фаъолият намуда, барои ободиву пешравии кишварамон саҳмгузорӣ мекунанд ва тарафдорӣ сулҳу суботу оромии ватан ҳастанд.

Эълон гаштани соли 2017 «Соли ҷавонон» ба мо ҷавонон нерӯи тоза бахшида, вазифадор намуд, ки ҳар ҷое, ки бошем, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги хеш ифтихор намоем ва барои ҳимояи онҳо омода ва ҳушёру зирак бошем.

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».

Cозмону ҳаракат ва гурӯҳҳои зерин, аз қабили “Ал-Қоида”,“Толибон”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Боко-Ҳарам”, “ДИИШ” ва амсоли инҳо, аз ҷониби як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, ки ҳадафу мароми аслии онҳобо густурда намудани фаъолияти худ зимни анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона нуфузу эътибори сиёсӣ пайдо кардан мебошад.

Экстремизм аз вожаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи кишварҳои дигари ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда,баҳри тадбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва зерқонунӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд. Ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, барҳам додани таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар қаламрави кишвар, ошкор намудан, аз байн бурдан ва пешгирии сабаб ва шароитҳое, ки боиси ба миён омадан ва паҳн шудани терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мегарданд, инчунин рафъи оқибатҳои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, равона гардидаанд.

Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" (соли 1999), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба экстремизм" (соли 2020), фармони Президенти Ҷумурии Тоҷикистон Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм аз 21 апрели соли 1997, №707, Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм дар солҳои 2000-2003, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000, №320 тасдиқ шудааст, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 тасдиқ гардидааст, Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, №1717 тасдиқ шудааст, Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротталабӣ, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2002, №513 тасдиқ шудааст ва Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ шудааст, қабул гардиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо чунин зуҳуроти номатлуб мусоидат намудаанд ва тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.

Мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм дар меҳвари сиёсати дохилӣ ва хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мадди аввал қарор дорад.

Пешвои миллат дар ҳамаи Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи мазкур аҳамияти ҷидди дода, маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат дар таърихи давлатдории тоҷикон бори аввал Стратегияи миллии мо оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ қабул гардид, ки он бо назардошти таҳаввулоти сиёсии ҷомеаи ҷаҳон марҳила ба марҳила такомул ва таҷдид гардида, дар банду басти тоза қабул мешавад.

Ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар ҳамоиши хоса, паёмҳо ва минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ, балки дар ҳамаи мулоқот, вохӯрӣ ва сафарҳои расмӣ доир ба ин масъала сухан мегӯяд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 апрели соли 2008 дар сессияи Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид, ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА баргузор гардид, дар баромади худ ќайд карда буданд, ки: «Имрўз халќ шоҳиди он гардидааст, ки чӣ гуна терроризми байналмиллалӣ амалиёти таҷовузкоронаи худро таҳти ливои сиёсии моҷароҷўӣ ва таассуби динӣ амалӣ мегардонад. Тоҷикистон нуќтаи назари онро, кимуборизабарзидди терроризм, якеазпроблемаҳоимуҳимтарин, киимрўз инсоният дучори он гардидааст, дастгирӣменамояд».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз нахустин роҳбарони сиёсии ҷаҳонист, ки оғози фаъолияти роҳбарии худро дар самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ бахшида, то ба имрӯз аз муқаддамтарин сиёсатмадори ҷаҳонӣ дар ин масъала мебошанд.

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷумҳурӣ барои омода гардидани ҷавонон баҳри ҳимояту пуштибонӣ аз ватани маҳбуб, рушду пешрафти бештари кишвар ва бедорию зиракии онҳо имкон фароҳам хоҳад овард. Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо ҷавонон сармашқи кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯза мо дар ин давраи ҳассоси ҷаҳонишавии муносибатҳо гардида, афкору андешаҳои тозаи мо ҷавонон нахоҳад гузошт, ки афроде фазои софи Ватани азизро ғуборолуд созад.

Хулоса, мо ҷавонон чун нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистон бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро эҳтиром намуда, ҳамчун нерӯи бузурги созанда бар зидди ҳама гуна хатари терроризму эктремизм бо роҳҳои пешбини намудаи қонунгузорӣ мубориза барем ва ин падидаҳои номатлуби асри нав, худро дур гирифта, барои ворид нашудан ба гурӯҳои террористию ифратгароӣ нангу номуси миллии худро баланд бардошта барои таъмини амнияти кишвар, пойдории ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшиш ба харҷ диҳем.

Зунунова М.К.

муаллимаи кафедраи таърихи умумӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ