​Роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбии ВНМО бо донишҷӯён баррасӣ гардид

Ҳамасола 1-уми декабри бахшида ба «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории ВНМО» дар ташкилоти муассисаҳо чорабиниҳои мухталиф ҷиҳати огоҳонидани сокинон аз сироятёбӣ ва рорҳҳои пешгирии он чорабиниҳои мухталиф доир мегардад. Вобаста ба ин имрӯз бо иштироки шифокори маркази солимгардонии марказаи саломатии №5 Париноз Худойназарова ва устодони кафедраи педагогикаи умумӣ дар бинои хобгоҳи №2-и вохӯрӣ доир гардид.

Мудири бахши кор бо занони Донишгоҳ Гулбаҳор Султова баромад амуда, роҷеъ ба ташаккули тарзи ҳаёти солим, таҳкимии саломатии ҷомеа, рушди солимии фардӣ ва тарғиби ҳаёти осоишта ибрози назар намуд.

Сипас, Париноз Худойназарова баромаднамуда, таъкид дошт, ки асосан се роҳи гирифторӣ ба ин вирус вуҷуд дорад. Ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсоне, ки гирифтори вируси ин беморӣ мебошанд, сироят метавонад ҳам аз мард ва ҳам аз зан гузарад, Ҳангоми хунгузаронӣ ба воситаи хуне, ки дар таркибаш вируси ВНМО вуҷуд дорад ва аз модари дорандаи ин вирус ба кӯдак ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва маконидани навзод.

Дар идомаи мулоқот таъкид рафт, ки ВНМО бе ягон нишонаи клиникӣ вирус дар дохили хун ҷой гирифта, бемор сари вақт ба табиб муроҷиат накунад ва аз дору истифода набарад, ин вирус дар хун инкишоф меёбад. Гуфта шуд, ки танҳо истифодаи дору ва риояи дастури табиб оид ба вируси ВНМО ҷараёни инкишофи бемориро дар организм қатъ мекунад.

Дар фарҷом миёни иштирокчиён перомуни мавзуи баррасигардида мубодилаи афкор ҷараён гирифт.

Ба иттилои шуъбаи тарбияи чунин мулоқоту вохӯриҳо дар 18 факултети Донишгоҳ идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ