РОҲ ВА УСУЛҲОИ ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН АЗ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ
Дар солҳои охир шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хоссатан ҷавонон ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм фаъолона ҷалб гардида, фикру ақоиди худро оид ба пешгирии он баён медоранд, то барои ҳамаи шаҳрвандон шароити одилона фароҳам бошад ва барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муҳити мусоид фароҳам гардида, мавқеи ҷавонон дар ҷамъият баланд бардошта шавад. Чунки Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа эътимоду боварӣ ва такя бар ҷавонон доранд ва мегӯянд: «Ҷавонон ояндаи миллатанд» ва боз бо ибораҳои дигар: «Ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст». Дар ин асно, дар мақолаи мазкур нақши ҷавонони Тоҷикистонро дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ва саҳми беназири ҷавонон барои эмин будан аз ҳизбу ҳаракатҳои гуногуну тундрав дар ҳаракати ҷамъиятӣ барои адолат ва ростқавлӣ поквиҷдонӣ ва ватандӯстиву ватандорӣ баррасӣ гардидааст.
Ҷавонон дар ташаккули ояндаи миллат нақши калидӣ доранд. Ҷавобан ба бовариву эътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ҷавонон тамоми қувваю нерӯи худро баҳри гул-гул шукуфоии мамлакат равона менамоем. Мо ҷавонони тоҷик имрӯз дар бари Сарвари оқилу кордону ҷавонпарвари давлатамон истода бо ибораҳои «Нест бод террорист», «Нест бод экстремист, «Нест бод гурӯҳҳои ифротгарову тундрав» барои тинҷиву оромӣ ва пойдории сулҳу суботи мамлакат мубориза хоҳем бурд. Имрӯзҳо дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонон хуб дарк мекунанд, ки терроризм яке аз кирдори номатлубу бераҳмонаву ваҳшиёна маҳсуб ёфта, дар назди ин ибора фикри миллат, давлат, сарзамин, ҷамъият, оила ва ғайраҳо мавҷуд нестанд. Пас маълум мешавад, ки кирдори террористӣ ин кирдори ваҳшиёна буда, барои ҷамъият хело хатарнок аст.
Шахсоне ба ин кирдори ношоям даст мезананд, ки онҳо саводи кофӣ, имони қавӣ, дониши сиёсӣ надоранд, ғайр аз ин як шуғли аниқ ҳам надоранд ва ҳамоно ба ваъдаҳои бардурӯғу фиребои шахсони нохалаф фирефта мешаванд. Онҳо дарк намекунанд, ки ба кадом роҳ рафта истодаанд ва оқибату натиҷаи корашон чӣ гуна анҷом меёбад. Хабаре надоранд, ки баръакс вазъи иқтисодӣ, иҷтимоиашон дар зиндагӣ ба замини сиёҳ яксон мешавад. Бинобар ҳамин ҳам, имрӯз барои пешгирии ин кирдорҳои ношоям моро месазад корҳои фаҳмонидадиҳӣ ва тарғиботиву ташвиқотиро байни ҷавонон зиёда гардонем, то ҳамагон аз мафҳумҳои экстремизм ва терроризм воқиф бошанд.
Маънои луғавии экстремизм, ин ифротгароӣ, тундравӣ, фикру ақоид ва амалҳои тундравона, аз худ гузаштан, аз меъёр гузаштан мебошад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин зуҳуроти номатлуб метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.
Терроризм ин падидаи номатлуби ҷомеаи имрӯза буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори инсон, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ ва маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиёт ва амсоли инҳо дониста мешавад.
Экстремизм бошад, хислати ҷудохоҳӣ, ифродгароӣ ва иғвоангезиро доро буда, бо терроризм алоқаи ногусастанӣ дорад. Бо тарзи дигар, мақсад ва оқибати экстремизм ин терроризм аст. Вале дар умум чунин баҳогузорӣ мебояд намуд, ки ҳарду ба истилоҳ комилан хатари калони парокандагиву бесарусомониро доро буда, оқибати басо нанговар доранд.
Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, мақсадҳои терроризм чунин шарҳ дода шудааст: «Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба ваҳму воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки танҳо ба манфиати худи онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист».
Чуноне ки Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди созмонҳои бонуфузи баёналмиллалӣ пайваста иброз медоранд, «терроризм ба ягон дин, мазҳаб ва ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад», ин гувоҳи он аст, ки амалҳои номатлуб рабте ба ягон дин ва аҳкоми он надорад.
Созмонҳо ва фаъолияти ҷавонон дар Тоҷикистон барои ташкили маъракаҳои иттилоотӣ ва барномаҳои таълимӣ, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи мушкилоти ҷомеаи имрӯза нигаронида шудаанд, фаъолона кор мекунанд, чароки давлат имрӯз барои ҷавонони босаодат, ҳушёру зирак эътимод дорад. Онҳо семинарҳо, тренингҳо ва мизҳои мудаввар мегузаронанд, ки сабабҳо ва оқибатҳои террористиву экстремистӣ муҳокима карда мешаванд ва роҳҳои ҳалли ин мушкилот пешниҳод мегарданд. Ҷавонони Тоҷикистон инчунин барои паҳн кардани маълумот дар бораи шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирии он, ва сафарбар кардани афкори ҷамъиятӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои интернетӣ дар вақтҳои лозима, фаъолона истифода мебаранд.
Бо вуҷуди ин, ҷавонони Тоҷикистон дар мубориза бар зидди шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, террористию экстремистӣ бо мушкилоти муайян рӯ ба рӯ мешаванд. Яке аз мушкилоти асосӣ набудани дастгирӣ аз ҷониби баъзе аз шаҳрвандон ва бетарафии онҳо мебошад. Ба чунин шароит ва зисту зиндагонии хуби имрӯза, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар фароҳам гардонида шудааст, шукрона нанамуда, даст ба кирдорҳои ношоям мезананд. Ҷавонони фаъол аксар вақт бо таъқиб ва таҳдидҳои шаҳрвандони касбу кори гуногуни фасодзада рӯ ба рӯ мешаванд, ки дар роҳи фаъолияти онҳо монеаҳо эҷод мекунанд, аз паси фиребҳои бардурӯғ ва як маблағҳои ночизи беминнат, ки оқибаташ нанговар аст равона мешаванд.
Барои дастгирии ҷавонони Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ба онҳо дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ ва ҳифзи онҳо аз таъқиб зарур аст, ки ин ҳам дастгирӣ ёфта истодааст. Мақомоти давлатӣ дар самти ин фаъолияти ҷавонон аҳамияти махсус зоҳир намуда, арзиши кори фаъолони ҷавонро қабул карда истодаанд ва барои иштироки самараноки онҳо дар мубориза бар шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундраву ифротгароёна шароит фароҳам овардаанд. Ғайр аз он, муассисаҳои таълимӣ бояд ба барномаҳои таълимии худ курсҳои ахлоқӣ ва мубориза бар шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ дохил кунанд, то ҷавонон дониш ва малакаҳои заруриро барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба террористиву экстремистӣ ба даст оранд.
Ҷавонони Тоҷикистон умед ва ояндаи кишвар мебошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззаму маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тули чанд соли охир дар Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии кишвар иброз медоранд: «Барои шахсони аз 18-сола боло, ки касбу коре надоранд, ба касбомӯзиву ҳунаромӯзӣ ҷалб карда шаванд...». Ин яке аз барномаҳои тарҳрезикардаи Президенти кишвари азизамон ҳаст, ки барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба террористиву экстремистӣ тарҳрезигардида мебошад. Шароитҳои хубу замонавӣ барои омӯхтани касбу ҳунарҳои гуногун дар тамоми манотиқи кишвар аз ҷониби ҳукумат фароҳам оварда шудааст, ки ин барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, терроризм ва экстремизм заминаи мусоид гузоштааст. Пас мо ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надода барои омӯхтани касбу корҳои гуногун бояд машғул гардем, ва ризқу рӯзии худро бо меҳнати ҳалоли худ ба даст оварда, саҳми арзандаи худро бояд дар ҷомеа гузошта бошем.
Муборизаи фаъолонаи мо ҷавонон бар зидди шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки насли нави шаҳрвандони Тоҷикистон ба ростқавлӣ, адолат ва рушди кишвари худ талош меварзанд. Дастгирии ҷавонон дар талошҳои онҳо барои мубориза бар терроризм ва экстремизм барои фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, тинҷиву оромӣ, сулҳу субот ва якдилӣ зарур мебошад.
Мо ҷавонони саодатманди диёр тоҷикон дар пайравӣ бо кору пайкори Пешвои муаззами миллат ояндабину оянда созу ояндадор ҳастем!
Абдулло Масолиев,
муаллими калони кафедраи санъати тасвирӣ ва
ҳунарҳои халқии факултети санъати тасвирӣ ва дизайни
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»