​Проблемаҳои муосири экологӣ ва роҳҳои ҳалли он

Дирӯз дар факултети геоэкология ватуризм дарси кушоди маҷозии сармуаллимаи кафедраи экология ва ҳифзи табиат Зебо Амонова бо донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси “География, асосҳои иқтисодиёт” дар мавзуи “Проблемаҳои муосири экологӣ ва роҳҳои ҳалли он” аз фанни баргузор гардид.

Устод дар раванди машғулият азҳамаи лаҳзаҳои дарскорбаст намуда, инчунин омӯзгордар рафти машғулият аз воситаҳои техникаи таълим бо самар истифода намуд.

Дар раванди дарс омӯзгор роҳҳои ҳалли масъалаҳои экологиро бо донишҷӯён мавриди муҳокима қарор дода, ба мувозина даровардани инкишофи аҳолии кураи заминро яке аз роҳҳои ҳалли масъалаҳои экологии ҷомеаи муосир унвон намуд. Зикр шуд, ки инсоният бояд аз оқибатҳои фаъолияти худ, хулоса бароварда нисбати табиат тарзе рафтор кунад, ки пеши роҳи оқибати бӯҳронҳои аз тарафи фаъолияти худ амалишудаистодаро гирифта тавонанд.

Вобаста ба мавзуъ наворҳо намоиш дода шуда, он дарякҷоягӣ бо донишҷӯён баррасӣ гардид. Дарси мазкурро дар дигар факултетҳо низ тариқи платформаи Zoom тамошо намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ