​Покдоман чун фаришта, беғуборам модарам

Таҳти ин унвон дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ ба муносибати Рӯзи модарон чорабинӣ доир гардид. Ин ташаббусро масъулини кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ роҳандозӣ карданд.

Дар доираи чорабинӣ перомуни нақши занону модарон дар таълиму тарбияи фарзанд маърӯзаҳо ироа шуд.

Ҳамзамон, дар қисмати фарҳангӣ дар васфи модар шеъру суруд манзур гардид.

Чунин чорабинӣ бо иқдоми факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус низ роҳандозӣ гардид, ки “Нигини пурҷилои зиндагӣ” унвон дошт.

Хотиррасон мекунем, ки ба муносибати Рӯзи модарон дар тамоми факултетҳои донишгоҳ силсилаи чорабиниҳо идома дорад, ки ҳадаф аз он арҷгузорӣ ба хидмати мондагори бонувон маҳсуб меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ