Пиёда намудани донишҳои назариявӣ

Тибқи нақшаи таълимӣ донишҷӯёни факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №12-и шаҳри Хуҷанд ба таҷриба омӯзӣ фаро гирифта шуданд. Донишҷӯён таҳти роҳбарии устодон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолияти омӯзгории худро оғоз намуда, дар ин самт қадамҳои устуворона гузошта истодаанд. Мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ, Назирҷон Пӯлотов аз раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён дидан намуда, оид ба тарҳрезии дарс дар таълими салоҳиятнокӣ, хусусиятҳои педагогию психологии тайёрии омӯзгор ба дарс, нақши корҳои тарбиявии роҳбари синф ва усулҳои фаъоли таълим дар ҷараёни дарс ва корҳои беруназсинфӣ маслиҳатҳои муфид дод.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ