​Пешвои мо - ифтихори мо

Дар хобгоҳи рақами 3 бо иштироки донишчуёни курси дуюми факултети геоэкология ва туризм ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумхурии Точикистон чорабинӣ баргузор гардид.

Донишҷӯён оид ба хидматҳои Пешвои миллат маърӯзаҳо ироа карданд. Мудири кафедраи умумидонишгохи фалсафа Атоев дар бораи нақши Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба суботи сиёсӣ ибрози назар кард.

Ҳамзамон, перомуни корномаҳои Асосгузори сулху вахдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиши видеоӣ манзур гардид.

Маҳина Раҳмонова,

аъзои маҳфили “Нерӯи сухан”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ