​ПЕШГИРИИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН АЗ ҲАРГУНА ТАМОЮЛҲОИ НОМАТЛУБ

Ҷавонон қувваи асосӣ ва ояндаи ҳар як давлату миллат ба ҳисоб мераванд. Сатҳи маънавиёт, ҷаҳонбинӣ ва тарбияе, ки онҳо имрӯз доранд, ояндаи ҷомеаро муайян мекунад. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳо, баробари беҳтар шудани имкониятҳои зеҳнӣ ва иттилоотӣ, хатари паҳншавии тамоюлҳои номатлуб низ афзоиш меёбад. Гаравидани ҷавонон ба ин гуна равияҳо, ки метавонад хусусияти ифротгароӣ, нашъаоварию ҷинояткорӣ, беаҳлоқӣ ва дигар амалҳои зидди ҷомеаро дошта бошад, яке аз масъалаҳои муҳим ва нигаронкунанда мебошад.

Яке аз мумаммоҳое, ки ирӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандоникишвари моро ба ташвиш овардааст ин гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ ва гуруҳҳои тундраву моҷароҷӯ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конференсияи байналмиллалии сатҳи баланд дар мавзуи «Муқовимат бо терроризм ва экстремизм ва ифротгароии хушоматомез” зикр намуданд, ки “таъмин намудани сулҳу субот ва амниятӣпойдории кишварҳо аз ҷумла вазифаҳои калидӣ ва шарти муҳимтарини роҳиндозиву пешбурди равандҳои созанда ба хотири рушди устувордар сатҳи байналмиллалӣ ва минтақавӣ ба ҳисоб меравад».

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сани 28 марти соли 2006 таҳти рақами 1717 Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (Ифротгарои) қабул гардид, ки барои субъектони (мақомот ва ниҳодҳо) бар зидди терроризм ва экстремизм муборизабаранда роҳнамо ва дурнамои фаъолият ба шумор меравад. Консепсияи мазкур дар асоси қонунгузории кишвар мараттаб шуда, сиёсати далатро дар самти муқовимат бо терроризму экстремизм ва пешгирии шомилшавии шаҳвандон ба ин равия гуруҳҳои номатлуб муайян менамояд.

Имрӯз корҳои тарғиботию ташвиқотии ҳадафнок бо баромадҳои таҳлилӣ барои ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа зарур аст. Дар вақти корҳои тарғиботи синну сол, маълумот, касбу ҳунар бояд ҳатман ба ҳисоб гирифта аз манфиат холи нест. Бо хонандагони синфҳои поении мактаб рӯирост дар бораи терроризму экстремизм ва кирдору рафтори бераҳмонаи онҳо, намоиши филмҳо аз ҷиноятҳои нангину сангини содирнамудаи онҳо бо мақсад мувофиқ нест. Аз ҷиҳати синну сол ноболиғон ин амалҳоро нодуруст қабул карданашон мумкин аст ва ин гуна намоишҳо ба руҳияи онҳо таъсири манфӣ расонида, онҳоро аз хурди ба сангдилӣ, бераҳмӣ одат кунониданаш мумкин аст.

Гузаронидани корҳои тарғиботи бо қишрҳои осебпазири аҳолӣ махсусан оилаҳое, ки фарзандонашон ба амалҳои нангин даст задаанду бо ҷурми узвият ва аъҳогии ба ҳаргуна ҳизбу заракатҳо пасйвастаанд, ва дигар шахсони онҳоро иҳотакунанда барои аъзогӣ мувофиқи мақсад аст.

Пешгирии гаравидани ҷавонон ба тамоюлҳои номатлуб вазифаи умумӣ – оила, ҷомеа, муассисаҳои таълимӣ ва давлат мебошад. Агар ҷавонон дорои дониш, маърифат, фаъолияти иҷтимоӣ ва сатҳи баланди ватандӯстӣ бошанд, онҳо ҳеҷ гоҳ зери таъсири гурӯҳҳои тахрибкор қарор намегиранд. Тарбияи дурусти ахлоқӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии ҷавонон — кафолати пешрафти ҷомеа ва рушди устувори давлат мебошад.

Файзулло Аҳадов,

муовини декан оид ба тарбияи

факултети саъати тасвирӣ ва дизайн

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ