Парчами давлатӣ – рамзи давлатдории миллӣ

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус тањти унвони«Парчами давлатӣ – рамзи давлатдориимиллӣ» соати тарбиявӣ доир шуд.

Таъкид рафт, ки эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ ифодагари ифтихори миллӣ ва пойдории давлат буда, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихӣ рисолати ҳар шаҳрванд аст.

Дар доираи ин ташаббус донишҷӯён бо забони англисӣ баромад намуда, дар бораи таърихи Парчами тоҷикон маълумот доданд.

Саҳнаҳои тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуда, дар васфи Ватан ва Парчам шеърҳо қироат ёфтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ