Парчам- рамзи соҳибдавлатӣ ва озодиву истиқлол

Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи давлатии мо ба ҳисоб меравад. Санаи 20-уми ноябри соли 2009 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид», тағйироту иловаҳо ворид карда шуда, санаи 24 ноябр ҳамчун Рўзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад ва понздаҳ сол аст, ки мо онро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоем. Иди Рўзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ ба рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасот ва яке аз рамзҳои асосии давлат аҳамияти муҳим дорад.

Ин ҷашн дар қатори ҷашнҳои нави миллӣ барои тамоми шаҳрвандониТоҷикистон рўзи ифтихору сарфарозӣ ба шумор рафта, мардуми кишвар онро бо шукргузорӣ аз озодиву истиқлол, пешрафт ва муваффақияту комёбиҳои беназир таҷлил менамоянд.

Дар ҷаҳони муосир доштани парчами миллӣ ин нишони истиқлол, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ, пойдории ваҳдати миллӣ ва таҷассумгари соҳибдавлатии мардуми он мебошад.

Дар таърихи парчаму парчамдории тоҷикон ҳамчун давлати соҳибистиқлол қабули Эъломияи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба таври расми соҳибихтиёр гардидани Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшид.

Бо шарофати истиқлоли давлатӣ мардуми тоҷик баъди садсолаҳо соҳиби рамзи давлати мустақилу соҳибихтиёр – парчами миллӣ гардид, ки он таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон аст.

Агар ба таърихи парчамдории тоҷикон назар афканем, мардуми мо парчамро ҳамчун рамзи ғолибият ва пойдории давлати худ арҷ мегузоштанд. Аз қадимулайём парчам ҳамчун яке аз муқаддасоти арзишманди давлатӣ дониста мешуд. Парчам дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ ҳамчун истилоҳ ба маънои ливо, дирафш ва рамзи давлатӣ мавриди истифода аст.

Мардуми ориёӣ яке аз нахустин миллати дунё буданд, ки парчам ва ойини дирафшдориро бунёд гузоштаанд. Бозёфтҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ҳанўз 9 ҳазор сол пеш мардуми ориёӣ соҳиби дирафш будаанд. Инро бозёфти бостоншиносӣ, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон (дар минтақаи Кувирлути Кирмон) пайдо гаштааст, исбот мекунад. Дар лавҳи нуқрагин дирафш бо тасвири аҷиби нишасти шоҳ ба тахт ва лаҳзаи ҳукмронии ў тасвир ёфтааст. Бино бар гуфти коршиносон ин дирафш хеле ба дирафши ковиён шабоҳат дорад. Аз сабаби он ки нуқра филизи пурдошт аст, бар асари тарӣ ва намӣ кам зарар дидааст. Алҳол он куҳантарин парчами то замони мо расидаи қавмҳои ориёӣ мебошад. Ғайр аз ин маълумоте низ мавҷуд аст, ки парчамҳои нахустин дар Чин, Миср ва Эрони бостон пайдо шудаанд.

Дирафши 9000-сола

Маълумотҳои аввалин доир ба парчамдории аҷдодони халқи тоҷик бо «парчами Каёниён», ё худ «дирафши Ковиён» алоқаманд аст. Мувофиқи ривояти «Шоҳнома»-и А.Фирдавсӣ «дирафши Ковиён» дар натиҷаи муборизаи эрониён бо сарварии Коваи оҳангар бар зидди зулми Заҳҳок ба вуҷуд омадааст. Коваи оҳангар домани худро ба дастаи найза бастааст, ки он ҳамчун рамзи ягонагӣ қабул шуда, шўришгарон дар зери он ҷамъ шудаанд ва ба назди Фаридун, шоҳи қонунии Эрон омадаанд. Фаридун парчами Коваро нишонаи хайр пиндошта, онро бо ситораи тиллоии чоргўшадор ва сангҳои қимматбаҳо зиннат додааст ва «дирафши Ковиён» номидааст. Бояд қайд намуд, ки «дирафши Ковиён» дар маркази штандарти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз рамзи ҳокимияти Президент, чун рамзи абади ва давомати ананаи давлатдории халқи тоҷик тасвир шудааст.

Дирафши Ковиёнӣ

Ҳахоманишиён (550-330 п.м.) низ анъанаи таърихиро идома додаанд. Парчами Ҳахоманишиён ранги сурх дошта, дар ҳошияҳояш секунҷаҳои сурх, сафед ва сабз дошт. Дар маркази парчам уқоб бо болҳои кушода ва дар панҷаҳояш тўпҳои тиллои дошта тасвир шуда буд.

Парчами давлати Ҳахоманишиён

Парчами давлати Ашкониён (250 п.м. – 224 мелоди) чарми чоркунҷа буд, ки дар он ситораи чоргўша тасвир шуда буд. Дастаи парчам нақши уқоб бо болҳои кушода ва дар панҷаҳояш тўпҳои тиллои доштаро дошт. Яқинан уқоб аз парчами Ҳахоманишиён, боқимонда бошад аз «дирафши Ковиён» гирифта шудааст.

Парчами давлати Ашкониён

Сулолаи Сосониён (224-651), ки баъд аз сулолаи Ашкониён ба сари қудрат омаданд, онҳо низ чун анъана шаҷараи худро бо сулолаи ривоятии Каёниён алоқаманд мекарданд. Аз ҷумла онҳо худро ворисони қонунии Ҳахаманишиён меҳисобиданд. Парчами Сосониён низ матоъи чаҳоркунҷа буда, дар он ситораи чоргўшадор тасвир шуда буд. Бояд тазаккур дод, ки яке аз тасвирҳое, ки дар тоҷҳои шоҳаншоҳони Сосонӣ ҷой дода мешуд ҳилол, яъне моҳпора буд. Баъд аз он, ки соли 651 давлати Сосониён аз тарафи арабҳо забт гардид, моҳпора аз тарафи халифаҳо ва ҳокимони мусулмон ҳамчун рамз қабул гардидааст. Рафта-рафта моҳпора ҳамчун рамзи дини Ислом қабул гардидааст.

Парчами давлати Сосониён

Парчами хилофат, ки дар тўли чанд аср халқҳои Мовароуннаҳру Хуросон тобеъи он буданд аз матои росткунҷаи якранги сиёҳ иборат буд, ки дар он калимаи шаҳодат навишта шуда буд. Бояд қайд намуд, ки давлати Афғонистон чунин парчами якранги сиёҳро солҳои 1880-1901 чун парчами давлати истифода намудааст.

Бояд қайд намоем, ки ғайр аз парчами давлати аз замонҳои қадим қўшун ва сарлашкарон низ парчамҳои худро доштанд. Дар вақти муҳорибаҳои ҳарбӣ чунин парчамҳо афрохта мешуданд ва парчамбардор вазифадор буд, ки парчам ба замин наафтад ва ё ба дасти душман наафтад.

Дар парчами сулолаи Темуриён се давра ҷой дода шуда буд, ки он маънои ҳокими се қитъа (Осиё, Африка ва Аврупо) будани Темуриёнро дошт.

Парчами давлати Темуриён

Парчами давлати аморати Бухоро матоъи росткунҷаи рангаш сабзи равшан буд. Дар парчам ба амудӣ ба забони арабӣ «السلطان ظل الله»‎ (яъне, султон сояи худост) ва инчунин калимаи шаҳодат «لا إله إلا الله محمد رسول الله»‎ навишта шуда буд. Байни навиштаҳо моҳпораи тиллоранг ва ситораи панҷгўша ҷой дода шуда буданд. Ҳошияи парчам ранги норинҷи дошт ва бо нақшҳои сиёҳранг оро дода шуда буд.

Парчами аморати Бухоро

Баъд аз барҳам хўрдани аморати Бухоро, ба ҷои он Ҷумҳурии Халқи Шўравии Бухоро таъсис меёбад, ки қисми маркази ва ҷанубу шарқии Тоҷикистони кунуни низ ба ҳайъати он дохил мешуд. Парчами давлатии ҶХШБ аз ду ранг: болои сабз ва поёни сурх иборат буд. Дар қисми чапи парчам моҳпораи тиллоранг ва ситораи панҷгўша тасвир шуда буд. Инчунин дар кунҷи болоии қисми чапи парчам бо ҳарфҳои форсӣ ҶХШБ навишта шуда буд. Соли 1923 иҷлосияи Умумибухороии КИМ Шўроҳо ба Конститутсияи ҶХШБ тағйирот дохил намуд, ки мувофиқи он аз парчам ранги сабз гирифта шуда, танҳо ранги сурх боқи монд.

Парчами ҶШХ Бухоро дар солҳои 1920-1923

Парчами ҶШХ Бухоро дар солҳои 1923-1924

Баъд аз тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ соли 1924 ҶМШС Тоҷикистон таъсис меёбад. Парчами ҶМШС Тоҷикистон матои сурхи роскунҷа буд, ки дар кунҷи чапи он акси нишони давлати ҷой дода шуда буд. Нишони давлатии ҶМШС Тоҷикистон аз дост ва болғаи тиллоранг, аз тарафи рост хўшаҳои гандум ва аз чап ғўзаи пахта ва дар мобайн ситораи панҷгўша дошт. Дар поёни парчам бо забони русӣ навишта шуда буд: «Пролетарии всех стран, соединяйтесь!», дар болои парчам бошад бо забони тоҷикӣ ва ҳуруфоти форсӣ (пролетарҳои тамоми ҷаҳон муттаҳид шавед) «پرالتارهای همۀ جهان یک شوید»‎ навишта шуда буд.

Парчами ҶМШС Тоҷикистон (1924-1929)

Соли 1929 ҶМШС Тоҷикистон ба ҶШС Тоҷикистон табдил дода шуда, мустақилона ба ҳайати Иттиҳоди Шўравӣ дохил мегардад. То соли 1953, яъне дар солҳои 30-ум ва 40-ум парчами ҶШС Тоҷикистон аз матоъи якранги сурхи росткунҷа иборат буд. То соли 1936 дар парчам бо ҳуруфоти лотиниасос ҶСС Тоҷикистон навишта шуда буд. Соли 1936 дар кунҷи болоии қисми чапи парчам расми дост ва болға ҷой дода мешавад ва дар поёни он бо ҳуруфоти лотиниасос РСС Тоҷикистон ва ҳам бо забони русӣ “Таджикская ССР” навишта шуда буд. Соли 1940 РСС Тоҷикистон, ки бо ҳуруфоти лотиниасос навишта шуда буд, бо РСС Тоҷикистон, ки бо ҳуруфоти кирилиасос аст, иваз карда мешавад.

Аз соли 1953 парчами ҶШС Тоҷикистон аз матоъи росткунҷае иборат буд, ки чор ранги уфуқи ҷойдодашуда дошт. Рахи болои ранги сурх дошта, нисфи бари парчамро дар бар мегирифт. Рахи дуюм ранги сафед дошта, аз панҷ як қисми бари парчамро ишғол мекард. Рахи сеюм ранги сабз дошта аз даҳ як қисми бари парчамро дар бар мегирифт. Рахи чорум ранги сурх дошта, аз панҷ як қисми парчамро дар бар мегирифт. Дар кунҷи чапи парчам расми дост ва болға ва дар болои он ситораи панҷгўша ҷой дода шуда буд. Ин парчам то ба истиқлолият соҳиб шудани Тоҷикистон арзи вуҷуд кардааст.

Парчами РСС Тоҷикистон (1953-1991)

Имрўз низ мардуми шарафманди Тоҷикистон дорои парчами давлатӣ мебошанд. Қабул шудани ин рамзи муқаддаси давлатӣ бо ҳодисаи тақдирсози давраи истиқлол – Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Тоҷикистон алоқаманд аст. Зеро, дар Иҷлосияи мазкур яке аз масъалаҳои аввалине, ки мавриди муҳокима қарор дода шуда буд, масъалаи қабули рамзҳои нави давлати Тоҷикистон буд.

Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олӣ барои миллату давлати мо воқеан таърихӣ ва тақдирсоз маҳсуб меёбад. Маҳз дар ин Иҷлосия тағдири ояндаи халқу давлат муайян гардида, ба ваҳдату субот ва рушди бемайлони минбаъдаи Тоҷикистон замина гузошта шуд.

Санаи 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи мазкур “Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ карда шуда, аввалин маротиба Парчами миллӣ дар Қасри Арбоб парафшонӣ кард.

Бо қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани мавқеи ҳуқуқии рамзҳои давлатӣ заминаи боэътимод гузошта шуда, дар моддаи 3-юми он Парчам дар қатори Нишон ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзи давлатӣ муқаррар карда шуд.

Таърихи 12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд, ки боби дуюм, моддаи панҷум ва шашуми он бевосита ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он тартиби афрохтан ва ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чорчӯбаи ҳуқуқӣ дароварда шудааст.

Тибқи муқаррароти қисми якуми моддаи панҷуми қонуни мазкур Парчами давлатӣ дар қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Миллӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа (ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмиллалӣ ба таври доимӣ афрӯхта мешавад.

Боиси тазаккур аст, ки барои баланд бардоштани мақому манзалати Парчами миллӣ санаи 12 октябри соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироту иловаҳо ворид карда шуд, ки тибқи он Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар биноҳои маъмурию иҷтимоӣ, маишӣ, корхонаҳо ва манзилҳои шаҳрвандон бо ифтихор афрохта мешавад.

Парчами давлатӣ рамзи истиқлол ва соҳибихтиёрии давлат буда, симои воқеӣ ва таърихии онро дар намуди ба худ хос инъикос мекунад. Тибқи Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 тасдиқ шудааст, Парчами давлатӣ матои росткунҷаест, ки дар рўи он се рахи ранга ба таври уфуқӣ кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Дар рўи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст. Ҳар кадоми ин рангҳо рамзи худро дошта, дар маҷмўъ Парчами давлатӣ рамзи баҳамоии миллат, якпорчагии давлат ва соҳибистиқлолию комилҳуқуқӣ мебошад.

Парчами давлатӣ рукни асосии муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад. Бо дидани парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан боло мегардад. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби шаҳрвандон нисбат ба рамзҳои давлатӣ садоқату эҳтиром зоҳир карда мешавад.

Парчами миллӣ дар миёни мардум бояд баробари дигар рамзҳои миллиамон азизу гиромӣ ва муқаддас бошад. Зеро аз муносибате, ки шаҳрвандони як мамлакат ба рамзҳои миллии худ, аз ҷумла парчами давлатӣ доранд, метавон ба хубӣ пай бурд, ки онҳо давлату миллати худро то кадом андоза дўст медоранд ва ба арзишҳои миллии худ чӣ гуна эҳтиром мегузоранд.

Ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути Парчам, Нишон ва Суруди миллии он дар ҷаҳон муаррифӣ мегардад, зеро ин рамзҳо рамзҳои истиқлол ва нишонаи асосии давлатдорӣ ба шумор мераванд. Аз ин рў, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои миллат, аз ҷумла ниёгони тамаддунофар ва фарҳанги миллии мо аз оѓози таърих то ба имрўз мебошад.

Боиси сарфарозии ҳар яки мост, ки имрўз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пештоқи биноҳои созмонҳои бонуфузи байналхалқиро, ки мамлакати мо ба узвияти онҳо пазируфта шудааст, оро медиҳад.

Боиси ифтихор аст, ки 30 августи соли 2011 бо ташаббуси Сарвари давлатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баландтарин поя (165 метр, дарозии он 60 ва паҳнии он 30 метр) насб карда шуд ва ба китоби Рекордҳои «Гиннес» дохил гардид.

Дар суханронии табрикии худ бахшида ба муносибати барафрохтани Парчами миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рўҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад».

Бо ин иқдоми Сарвари давлат дар марказҳои вилоятҳои ҷумҳурӣ шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ ва шаҳру ноҳияҳои кишвар парчами миллӣ бо баландиҳои гуногун парафшон карда шуданд. Эҳтироми парчам эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ аст. Ин аст, ки дар даврони истиқлол барои боз ҳам боло бурдани нуфуз ва эҳтироми Парчами миллӣ дар ҷомеа, бахусус миёни ҷавонон аз тарафи Ҳукумати мамлакат тадбирҳои назаррас амалӣ карда шудаанд.

Аз файзи истиқлол ва неъматҳои муқаддаси сулҳу ваҳдат имрўз Парчами миллӣ ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттифоқу сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Парчами миллӣ имрўз хамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон аз соҳибихтиёру соҳибистиқлол будани давлати тоҷикон башорат медиҳад.

Парчам рамзи ҳаёти осоишта, бахту иқболи сафед, умед ба фардои дурахшон ва лоиқи эҳтироми ҳар шаҳрванди худогоҳу худшинос аст.

Парчам барои миллат ахтар ва барои лашкар қудрат аст. Ҷилваи Парчам шабеҳи болафшонии парандаи бахту иқбол аст. Аз ин рў, мо бояд ҳамеша саъю талош кунем, ки Парчами миллии мо ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлоли миллӣ ва пеш аз ҳама, ба ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати таърихӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад.

Дар паёми табрикии худ ба муносибати Рўзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки «минбаъд низ ҳар як фарди бонангу номус ва ватандўсту ватанпарвари тоҷик аз Парчами миллии худ ифтихор менамояд, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ, озодиву истиқлоли Ватан ва ҳамчун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои имрўзу оянда талқин менамояд».

Парчами миллӣ – рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик барои озодӣ, ваҳдати миллӣ, нишонаи нангу номуси миллат ва таҷассуми муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ба Ватани ободу соҳибихтиёр мебошад. Таҷлил шудани Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нишони эҳтироми хоса ба анъанаҳои неки аҷдодони сарбаландамон ва таҷассумгари мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявист.

Иброҳим Ҷабборзода, номзади илмҳои таърих,

дотсент, декани факултети таърих ва ҳуқуқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ