Парчам - рамзи истиқлолу озодии миллат

Чунин ном дошт чорабинӣ, ки бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби устодони кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризм дар хобгоҳи духтаронаи №1 баргузор гардид.

Чорабиниро сармуаллимаи кафедраи экология ва ҳифзи табиат Амонова Зебо ифтитоҳ намуда, оид ба мақоми Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии давлати тоҷикон суханронӣ намуд.

Гуфта шуд, ки инкишоф ва ташаккули ҳар давлат ба рамзҳои давлатии он робитаи ногусастанӣ дорад.

Ҳамзамон, аз ҷониби донишҷӯи курси якуми ихтисоси экологияи умумӣ Ашӯрова Раъно дар мавзӯи “Таърихи Парчами Тоҷикистон ” маърӯза манзур гардид.

Гуфта шуд, ки арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам яке аз рамзиҳои истиқлолият ва ҳастии миллат дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

Инчунин, аз тарафи донишҷӯёни курси якуми ихтисоси экологияи умумӣ шеърҳо дар васфи Парчам қироат карда шуд.

Дар фарҷом филми ҳуҷҷатии“Парчам - рамзи истиқлолу озодии миллат” ба намоиш гузошта шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ