​Парчам – рамзи истиқлоли давлатӣ

Дар факултети математика ва факултети геоэкология ва туризм хониши сиёсӣ гузаронида шуд. Ин ташаббус ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Таъкид гардид, ки Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, рангҳои миллии тоҷикон чун дигар мардуми ориёнажод сурху сафеду сабз ҳастанд, ки аз гаҳи бостон то кунун замон расидаанд.

“Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, таъкид доштаанд, ки ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад” – зикр шуд дар доираи хониши сиёсӣ.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ