​Парчам - рамзи давлатдории навини тоҷикон

Дар факултети иқтисодӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангию тарбиявӣ баргузор шуд. Дар чорабинии мазкур декани факултет, устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Декани факултет Нуриддинова Манзура қайд карданд, ки аз 16-ноябр то 2-декабри соли 1992 Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар қасри Арбоб б баргузор гардида, он сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ барқарор намуд. Иҷлосияи таърихӣ заминаи мусоиде барои рушди ҷомеа ва пешрафти Тоҷикистон фароҳам овард.

“Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии 16- уми Шӯрои Олии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистон - чун рамзи давлатдории навини тоҷикон кабул гардид. Сарвари давлат фаъолияти давлатдории хешро бо бӯсидан ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ шурӯъ намуданд. Боиси ифихор аст, ки Тоҷикистони маҳбуби мо зери Парчами давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собитқадамона ба сӯи ояндаи нек сарбаландона қадам мегузорад” – таъкид шуд дар чорабинӣ.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ