​Панҷакент: Муаррифии донишгоҳ барои довталабон

Намояндагони факултети геоэкология ва туризм ҷиҳати тарғиби дастовардҳои донишгоҳ ва муаррифии имконияту ихтисосҳо ин навбат бо довталабони шаҳри Панҷакент мулоқот намуданд.

Дар доираи ин ташаббус аз ҷониби омӯзгорони факултет теъдоди ихтисос ва иқтидори илмиву касбии донишгоҳ муаррифӣ карда шуд.

Барои баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии довталабон дар бораи донишгоҳ шумораи махсуси нашрияи "Нури маърифат" дастрас гардид.

Дар фарҷом аз ҷониби намояндагони донишгоҳ ба суолҳои довталабон посухҳои муфассал ироа ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ