​Паёми саодатовари Пешвои миллат

Таҳти ҳамин унвон бо ташабуси кафедраи педагогика ва психологияи томактабии факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ мизи мудаввар оиди шарҳу тавзеи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Чорабиниро мудири кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ, дотсент Мансур Луфов ифтитоҳ намуд. Сипас, Аҳрорҷон Убайдуллоев – сармуаллими каффедраи умумидонишгоҳии педагогика иброз дошт, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҳидоядгари ҳар як тоҷику тоҷикистониён бояд бошад. Таъкид шуд, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём зикр намуданд, ки имрӯзҳо шиддат гирифтани низоҳои геосиёсӣ, тағйирёбии иқлим, зиёд гардидани талабот ба маводи истеъмолӣ ва доман паҳн намудани бемориҳои сироятӣ моро ҳушдор медиҳад, ки аз пештара дида иттиҳоду сарҷамъ бошем ва аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода барем. Дар баромад қайд гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусу пешниҳодҳои созандаву инсонпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба обу иқлим ва қабули навбатии қатъномаи Маҷмӯаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун соли ҳифзи байналмилалии пиряхҳо ҷонибдорӣ намуда, ҳавасмандии худро барои амалигардии он баён дошта истодаанд. Дар идомаи ҳамоиш устодон ва донишҷӯён баромад намуда, оиди нуктаҳои асосии Паёми пешвои миллат фикру андешаҳои худро иброз намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ