Паёми Пешвои миллат раҳнамои мост

Чунин унвон дошт чорабинии илмӣ-адабӣ, ки дар факултети геоэкология ва туризм ҷиҳати омӯзиш ва тарғиби Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.

Декани факултет дотсент Абдулхолиқзода Музаффар зикр дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари аҳамияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ доштан, аҳамияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ низ дорад. Суханону андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомези Сарвари давлат зимни ироаи паёмҳояшон дар бораи адлу тадбир, таълиму тарбия, илму маориф, ватандӯстиву ватанпарастӣ, саховату эҳсон, адолати иҷтимоӣ, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ӯ, волоияти қонун ва амсоли онҳо боиси баланд гардидани масъулият ва ҳисси милливу ватандӯстӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат, бахусус ҷавонон мебошад.

Дар идома аз ҷониби мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат, дотсент Собиров Мурод дар мавзӯи “Қадамҳои устувори расидан ба амнияти озуқавории мамлакат ва роҳҳои такомули он дар ҳошияи Паёми Пешвои муаззами миллат”, сармуаллими кафедраи географияи иқтисодӣ ва демография Ҷӯраева М.М. дар мавзӯи “Паём равшангари самтҳои мухталифи ҷомеа” ва доктаранти кафедраи географияи табиӣ Ҳоҷиматов П.Р. дар мавзӯи “Нақши Паём дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯзаҳо шунида шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ