​Паёми Пешвои миллат – ифодагари ормонҳои сокинони кишвар

Дар факултети физикаю техника зери унвони “Паёми Пешвои миллат –ифодагариормонҳои сокинони кишвар” чорабинӣ бо иштироки устодон ва донишҷӯён баргузор гардид, ки дар он ҳама самтҳои Паёми Пешвои миллат мавриди баррасии густарда қарор гирифт.

Нахуст дотсент Абдулаким Шарипов суханронӣ намуда, иброз дошт, ки барои ҳар давлати соҳибистиқлол тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа, махсусан ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ дар равади ҷаҳонишавӣ зарурати бебаҳс маҳсуб мешавад.

Таъкид рафт, ки Пешвои миллат дар паёмҳо доимо баланд бардоштани обрӯи илмро дар ҷомеа таъкид менамоянд. Дар Паёми соли 2023 дарҷ шудааст, ки “рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад.

Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад”.

Дар идома дотсентон Пайрав Иброҳимов, З.Юсупов перомуни мавзуи баррасишаванда маърӯза намуда, иброз доштанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади муҳимми стратегию таҳлилие мебошад, ки дар он ҳифзи манфиатҳои халқу мамлакат бо низоми муайяни таҳлилию мантиқӣ доир ба вазъ ва дурнамои сиёсати дохилию хориҷӣ пешниҳод гардидааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ