​Паёми Пешвои миллат барномаи рушди ҷомеа

Дар факултети иқтисодӣ конференсияи илмӣ амалӣ зери унвони «Паёми Президенти кишвар дастури роҳнамо ва ҳуҷҷати тақдирсози миллат» бо иштироки васеи устодон баргузор гардид.

Нахуст декани факултет дотсент Манзура Нуриддинова дар мавзуи «Моҳият ва аҳамияти паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023» ироа намуд. Ҳамчунин устодон дар мавзуҳои «Паёми Пешвои Миллат барномаи рушди ҷомеа» ва «Масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуданд.

Зимнан нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат мавриди омӯзиш қарор гирфита, қайд шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тайёр кардани мутахассисони босифат ва ба замони муосир мувофиқ, истифодаи босамари усулҳои пешқадами таълим ва навгониҳои илму техника, ҷалби хонандагон ба касбомӯзӣ, рушди илми тоҷик ва дар баробари ин наздик шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳониро дар назди кормандони соҳаи маориф ҳамасола мегузорад. Гуфта шуд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Роҳбарияти олии кишвар зарур, ки пайваста дар роҳи омӯзши илм талош варзида, кишвари худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ