​Паём ва дастовардҳои даврони Истиқлолият

Бо ташаббуси кафедраи назария ва методикаи тарбияи томактабии факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ доир ба омӯзиши нуктаҳои Паёминавбати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мизи мудаввар бо иштироки васеи устодон таҳти унвони “Паём ва дастовардҳои даврони Истиқлолият” баргузор гардид.

Дотсент Шавкат Шарипов ба чрабини ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки соли сипаришуда дар саҳифаҳои таърихи давлатдории миллии тоҷикон соли фаромушнопазир аст. Мавсуф афзуд, ки дар зарфи сӣ соли соҳибистиқлолӣ вазъи зисту зиндагонӣ, боло рафтани обрӯю нуфузи байналмиллалии кишвари азизамон Тоҷикситон рушди босуботи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар, таҳкими ҳамаҷонибаи сулҳу ваҳдат, ҳамдигарфаҳмию хештаншиносӣ, фазои орому осоишта, ба фаъолият оғоз намудани корхонаҳои гуногуни замонавӣ ва амсоли онҳо бо гузашти марҳилаҳои таърихӣ бо хатҳои заррин сабт хоҳанд шуд.

Гуфта шуд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳадафрас ва таҷассумгари вазъи кунунии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии мамлакат, дурнамо ва паёмадҳои хушоянди фардои миллат, орзуву омоли халқи тоҷик дар роҳи бунёди Тоҷикистони ободу озод ва шукуфону мутаррақӣ мебошад.

Дар рафти вохӯрӣ байни иштирокчиён - донишҷӯён саволу ҷавоб баргузор гардид, ки донишҷӯён аз бардошти худ роҷеъ ба омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат фикру ақидаҳои хешро иброз намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ