​Озмуни “Китобхони беҳтарин” бахшида ба Рӯзи Президент

Садорати Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба муносибати Рӯзи Президент миёни донишҷӯёни донишгоҳ озмуни “Китобхони беҳтарин”-ро эълон мекунад.

Ин навбат озмуни мазкур доир ба романи “Девори Хуросон”-иМуҳаммадзамони Солеҳ гузаронида мешавад.

Хоҳишмандон ҷиҳати иштирок метавонанд дар қабулгоҳи китобхона номнавис шаванд. Озмун санаи 10 ноябри соли 2022 баргузор мешавад.

Ромони «Девори Хуросон», ки дар мавзӯи таърихӣ ва дар мавриди кору пайкори амир Исмоили Сомонӣ чун поягузори давлати нахустини тоҷикон таълиф шудааст, бо он ҳама рӯҳи созандагиву эҳёгарӣ ва таъкиди бедории милии мардуми тоҷик дар замони пеш аз 1100 сол бо масъалаҳои рӯзгори замони мо, бо талошҳое, ки сарвари давлати мо барои таҳкими давлати навбунёди тоҷикон ва ҷомеаи тозаистиқлоли мо дорад, ҳамсадо ва ҳамнаво мегардад ва дар тавсияи тафаккури миллии мо саҳми босазое гирифта метавонад.

Ҳадаф аз ин иқдом таҳкими ҳисси худшиносии ҷавонон, тарғиби китобхонӣ ва муҳаббат ба мутолиа, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии донишҷӯён оид ба таърихи бунёди давлати тоҷикон ва таърихи навини давлатдории халқи тоҷик унвон мешавад.

Ғолибон бо туҳфаҳои арзишманд қадр мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ