​Озмун: «Магистранти сол»

Раёсати донишгоҳ дар асосӣ мактуби вазорат миёни магистрантони донишгоҳ озмуни «Магистранти сол» эълон менамояд.

Мақсади ташкил ва гузаронидани Озмун ин дарёфти чеҳраҳои нави лаёқатманд, соҳибмаърифат ва ташаббускор, роҳ надодан ба ҳар гуна ақидаҳои ифротӣ ва омилҳои номатлуб,ки ба зеҳни магистрантон таъсири манфӣ доранд, ташаккури афкори солим, ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими захираи луғавӣ, фаъолгардонии раванди забондонӣ ва такмили фаъолияти таълимии магистрантон мебошад.

Озмун аз рӯи чунин шартҳо сурат мегирад:

-навиштани кори хаттӣ

-пешниҳоди натиҷаи корҳои илмӣ

- суҳбат дар шакли саволу ҷавоб вобаста ба мавзуъҳои ихтисосӣ ва ғайриихтисосӣ

Дар озмун магистрантони курсҳои 1 ва 2, ки бо баҳои аъло таҳсил мекунанд ва фаъолияти намунавӣ дошта, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзанд, ҳуқуқи иштирок карданро доранд.

Ғолибон бо диплон ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда мешаванд ва ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.

Маълумоти бештар: 6-37-26

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ