​Омӯзиш – тренинг: Инкишофи малакаи кӯмаки психологию иҷтимоӣ ба кӯдакон

Санаҳои 28-29 октябри соли равон ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Насли ҷавони Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо мақсади расонидани кӯмаки равонӣ, инчунин амалӣ намудани ҳадафу вазифаҳои ташкилот дар самти баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оиди тозагӣ дар мактабҳо ва пешгирии таъсири тағйирёбии иқлим ба саломатии кӯдакон ва наврасон, беҳдошти саломатии равонӣ ва пешгирии сироятшавӣ аз бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Суғдиён” омӯзиш-тренинг ташкил ва баргузор намуд. Ҳадафи тренинги мазкур - омӯзиши шахсони дахлдор бо донишу малакаҳои расонидани ёрии равонӣ ба кӯдакону наврасони дорои ВНМО буд. Дар омӯзиш-тренинг ба сифати тренер−дарсдиҳанда дотсент Ҳусейн Зайтметов – мудири кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбии ДДХ ба номи академи Б.Ғафуров, тренери дараҷаи байналхалқӣ оид ба масъалаҳои психологӣ ва иҷтимоии кӯдаконе, ки бо бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ) зиндагӣ мекунанд, марҳалаҳои инкишофи наврасон, некӯаҳволии психологию иҷтимоӣ ва талаботи наврасон дар соҳаи солимии психикӣ ва намудҳои стресси дар наврасон бавуҷудоянда ва роҳҳои бартарафнамоии стресс маълумотҳо дода шуда, аз тарафи иштирокчиён ба гурӯҳҳо ҷудо шуда муаммоҳо ҳаллу фасл карда шуданд. Ҳамчунин ба иштирокчиён мавзӯъҳоиафсурдагии эмотсионалӣ дар наврасон, малакаҳои коммуникативӣ, аксуламали психологӣ ба вазъияти бӯҳронӣ ва кӯмаки аввалини психологӣ, намудҳои мудохила, намоиши Мастер-класс оид ба расонидани ёрии аввалияи равонӣ ба наврасони ба мушкилӣ дучор гардида ва наврасони дорои ВНМО/БПНМ, мавриди таҳлилу барраси қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи мазкур аз тарафи ташкилоти байналмилалии «Нон барои Ҷаҳон» (Bread for the World) дастгирӣ ва роҳандозӣ кардашудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ