​Омӯзгори асил ва муҳаққиқи варзида

Таҳти чунин унвон дар толори калони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 70-солагии доктори илмҳои таърих, профессор Мақсудҷон Инъомов конференсияи илмӣ-амалӣ бо иштироки васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, афзуд, ки дар сиёсати маорифпарварона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу вањдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёиён хазинаи тиллоӣ унвон гардида, эҳтирому арҷгузорӣ ба хизмати онҳо яке аз рукнҳои муҳими ин сиёсати хирадмандона ба шумор меравад.

Қайд шуд, ки ба корномаҳои чеҳраҳо ва шахсиятҳои арзандаи халқи тоҷик пеш аз ҳама баҳои сазоворро Пешвои муаззами миллат додаанд, ки қобили мулоҳиза мебошад. Сарвари давлат дар ин маврид ба дурустӣ фармудаанд, ки: “Зиндагиномаи ҳар як шахсияти маъруфи Тоҷикистон мактаби бузурги таҷрибаи ҳаёт мебошад”.

Таъкид рафт, ки аз зумраи чунин шахсиятҳои номӣ, ҷоннисори илму маърифат, донишманди фозил, доктори илмҳои таърих, профессор Инъомов Мақсудҷон мебошад, ки умри пурбаракати хешро дар роҳи таҳқиқу пажӯҳиши масоили мубрами халқи тоҷик, таълиму тарбияи шогирдони зиёди ин ришта сарф кардааст.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ номаи табрикотии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи иштирокдорон расонд. Мавсуф хидматҳои профессор Мақсудҷон Инъомовро дар омода намудани кадрҳои болаёқати илмӣ ва омӯзишу пажӯҳиши таърихи халқи тоҷик басо назаррас маънидод намуд.

Дар идома профессори кафедари таърихи халқи тоҷик Набизода Ваҳҳоб Машраб дар мавзуи “Фидоии илму маърифат”, дотсенти кафедраи таърихи умумӣ Рустам Юлдошев дар мавзуи “Мақсудҷон Инъомов – олим ва омӯзгори варзида” маърӯза ироа намуданд. Дар баромадҳо қайд шуд, ки ҳаёту фаъолият ва доманаи пажӯҳиши профессор Мақсудҷон Инъомов доманадор буда, мавсуф умри пурбаракати хешро дар роҳи таҳқиқу пажӯҳиши масоили мубрами халҷи тоҷик бахшидааст.

Сипас котиби масъули созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Карими Шариф роҷеъ ба ҷанбаҳои фаъоляти профессор Мақсудҷон Инъомов ибрози назар намуд.

Cарвари Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб қайд намуд, ки профессор Мақсудҷон Инъомов тамоми фаъолияти пурбаракаташро ба касби омӯзгорӣ бахшида, дар муддати беш аз си соли фаъолияти касбӣ вазифаҳои пурмасъулиятро ба сифати аспирант, асисент, сармуаллим, муовини декан оид ба шуъбаи тайёркунӣ, муовини декан оид ба донишҷӯёни хориҷӣ, дотсенти кафедраи таърих, дотсенти кафедраи таърих ва этнографияи халқи тоҷик, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик, декани факултети таърих, мудири шуъбаи фанҳои гуманитарии Маркази илмии хуҷандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муовини аввали ректори донишгоҳ фаъолият намуда, дар тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саҳми арзанда гузошта аст.

Дар интиҳои кори конференсия хотираҳои ҳамкорон, хешону пайвандони ба унвони чорабинии имрӯза ворид гардида қироат гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ