​Омодагӣ ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Барои тарғиби донишҷӯён ва омодагии ҳамаҷониба ба озмуни навбатии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”бо ташаббуси декани факултет профессор Ӯлмасзода Замирахон дар китобхонаи факултет гӯшаи “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” таъсис дода шудааст. Гӯшаи китобҳо вобаста ба номинатсияи озмуни мазкур адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон ҷудо карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар гӯшаи мазкур ҳамаи китобҳое, ки тибқи Низомномаи озмун барои хондан тавсия шудааст, ҷойгир карда шудааст.

Дар робита ба ин дар факултети филолгияи тоҷик бо иштироки устодони кафедраҳои адабиёти классик ва муосир ва донишҷӯёне, ки омодагӣ ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дида истодаанд, машварти илмӣ-амалӣ доир гардид. Зимни машварат муовини декан оид ба илм ва инноватсия Сорбон Азизов қайд намуд, ки мақсад аз ҷамъомад ба донишҷӯён машваратҳои сӯдманд додан ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад. Дар идома дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик Мавҷуда Ӯрунова роҷеъ ба омода сохтани мавод ва истифода аз сарчашмаҳо изҳори андеша намуд. Ҳамчунин мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик дотсент Мутриба Мавлонова зимни гузориши хеш қайд намуд, ки устодони кафедраи адабиёти муосири тоҷик ҳамеша омода ҳастанд, ки бо донишҷӯён ҷиҳати омодагии хуб ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”ҳамкорӣ дошта бошанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ