​Омода намудани мутахассисони соҳаи ҳифзи захираҳои об

Бо иқдоми Лоиҳаи миллии таҷдиди истифодаи захираҳои оби Тоҷикистон ва Раёсати идоракуниии захираҳои оби ҳавзаи Сирдарё дар толори хурди меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Ҳолат ва дурнамои омода намудани мутахассисони соҳаи истифода ва ҳифзи захираҳои об дар қисми Тоҷикистонии ҳавзаи дарёи Сир” баргузор гардид.Дар кори ин семинар дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Собиров Мурод дар мавзӯи “Сатҳи инъикоси масъалаҳои идоракунии захираҳои об дар омодасозии мутахассисон мувофиқи ихтисоси “экологияи умумӣ” ва “агроэкология” маърӯза намуданд.

Ҳамзамон, магистранти соли дуюми ихтисоси географияи донишгоҳ дар мавзӯи “Идоракунии ҳавзавии захираҳои об – омили истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об” баромад карда, перомуни мавзӯи болозикр фикру андешаҳои худро ироа карданд.

Таъкид гардид, ки ҳавзаи дарёи Сир ба таваҷҷӯҳи хоса ҷиҳати идоракунии захираҳои об ва ҳифзи он ниёз дорад ва дар ин ҷода муайян намудани Рӯзи дарёи Сир ҳамчун санаи ҳисоботӣ мувофиқи мақсад мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ