​Оилаи солим - бунёдгузори ҷомеаи солим

Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ бахшида ба Рӯзи оила чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони “Оила бунёдгузори ҷомеа” ташкил ва баргузор гардид.

Декани факултет Муқаддас Шарифиён ба кори чорабинӣ оғоз бахшида, доир банақши оилаи солиму устувор дар парвариши инсони комилу ботамкин ва тарбия ёфтани фарзандон дар рӯҳияи ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ таълиму тарбияи насли наврас дар фазои оилаи солиму тифоқ иброз намуданд.

Сипас, номзади илмҳои психологӣ Сайёра Бобоева дар мавзуи “Оила бунёдгузори ҷомеа”маърӯза намуд. Гуфта шуд, ки аҳамияти психологии оила аз он иборат аст, ки таҷрибаи даврони кӯдакии ҳар як фард, дар муҳити он ташаккул меёбад. Бинобар ин, агар фазои оила аз меҳру муҳаббат, фидокорӣ гузашт, самимият ва гармӣ ҷудо бошад дар ин ҳолат ин тарзи муносибатҳо ба рашк, бадбиниву кина, нафрат ва хашм бурда мерасонад.

Ҳадафи баргузории чорабинии мавриди назар баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ, маърифати ҳуқуқии духтарон, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва даъвати ҷавонон ба касбу ҳунар, забономўзӣ ва саҳми онҳо дар таълиму тарбияи наслҳои солиму маънавибунёд маънидод гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ