​Оғози ҳафтаи илм дар факултети физикаю техника

Ҷиҳати татбиқи “Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2015-2025”, солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва “Рӯзи илми тоҷик” дар факултети физикаю техника бо ташаббуси кафедраи методикаи таълими физика семинари илмӣ – назариявии устодон ва донишҷӯён гузаронида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин ташаббус дар доираи ҳафтаи илм роҳандозӣ гардида, давоми ҳафта идома мекунад.

Дар семинари илмӣ-назариявӣ муовни декан оид ба корҳои илм ва инноватсия дотсент Таҳмина Ашӯрова, мудири кафедра Пайравҷон Иброҳимов ва ҳайати устодони кафедраҳо иштирок намуданд.

Ба кори семинар дотсент Пайравҷон Иброҳимов ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш доимо аз сатҳу сифати таълим, ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзишу рушди фанҳои дақиқ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Гуфта шуд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Роҳбарияти олии кишвар ҷавононро мебояд ҷиҳати баланд бардоштани тафаккури техникӣ ва ба ин васила муаррифӣ намудани Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ талош варзанд.

Дар идома дотсент Таҳмина Ашӯрова ҳозиринро бо нақшаи баргузории ҳафтаи илм дар факултет шинос намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани он ибрози назар намуд.

Баъдан, муаллими кафедраи методикаи таълими физика Мардонқул Раҳимов дар мавзуи “Таъсири литий ба вобастагии ҳароратии гармоғунҷоиши хӯлаи АК – 1 дар асоси алюминии холис” маърӯза ироа намуд. Номбурда афзуд, ки дар амалияи ватанӣ ва хориҷӣ барои бунёди пардаҳои тунуки металлӣ дар раванди коркарди микросхемаҳои интегралӣ истифода бурдани хӯлаҳои металлии тоза бо як ё ду иловаҳоро, ба ҷои металлҳои асил, ба миён овардааст. Хӯлаҳои алюминии махсусан тоза дар электроника ва истеҳсоли асбобҳои нимноқилӣ васеъ истифода бурда мешаванд.

Дар интиҳои семенар миёни иштирокчиён перомуни мавзуи баррасигардидамубодилаи афкор ҷараён гирифт.

Ҳачунин дар доираи ҳафтаи илм муаррифии маводи нашршудаи кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт бо иштироки декани факултет дотсент Абдумалик Қаюмзода, муовинони декан, мудирони кафедраҳо ва ҳайати устондон баргузор гардид.

Зимнан таъкид рафт, ки дар соли сипарӣ гашта устодони кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт дар тамоми самтҳо фаъолияти назаррас нишон дода, як қатор китобҳо ва дастурҳои таълимиро рӯи нашр оварданд.

Мудири кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт дотсент Насимҷон Умаров китобҳои тозанашри “Физикаи статистикӣ ва термодинамика”, “Маҷмӯи масъалаҳо аз электродинамика”, “Усулҳои тадқиқоти физикию химиявии моддаҳо”, дотсент Муҳаммади Раҳматов монографияи худро таҳти унвони “Содержание элементов и радиоактивных изотопов в составе атмосферного аэрозоля и почв Северного Таджикистана” муаррифӣ намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ