Назорати раванди таълим

Раванди машғулиятҳо дар тамоми факултетҳои донишгоҳ ба тариқи дурбинҳои назоратӣ аз ҷониби шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва раёсати таълими донишгоҳ назорат карда мешавад. Ҳамзамон, таҳти сарварии сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот дотсент Нодирахон Дадабоева дарсҳои устодон таҳлилу баррасӣ гардида, ба омӯзгорони ҷавон маслиҳатҳои муфиди педагогӣ ва усулҳои фаъоли таълими муосир тавсия дода мешавад. Дар ин замина дотсент Нодирахон Дадобоева ба факултети иқтисодӣ ташриф оварда, аз ҷараёни машғулиятҳо ва аудиторияҳо дарсӣ дидан намуданд. Мақсади ташриф огаҳи пайдо намудан аз сатҳу сифати таълим, назорати раванди таълим ва донишазхудкунии донишҷӯён дар факултет арзёбӣ гардид.

Дар ин асно ба донишҷӯёни курсҳои якум оид ба “Низомномаи низоми кредитии таҳсилотдар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, тарзи супоридани санҷишҳои марҳилавӣ, имтиҳонҳои ниҳоӣ ва гирифтани холҳои ҷорӣмаълумот дода шуд.

Ҳамчунин риояи қатъии фармоши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба баъзе масъалаҳои ба танзим даровардани раванди тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ» , риоя намудани тартиботи дохилидонишгоҳӣ ва амсоли мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ