​Намоиши корҳои таълимӣ-эҷодии донишҷӯ

Дар толори факултети санъати тасвирӣ ва дизайн намоиши корҳои таълимӣ-эҷодии донишҷӯи соли чоруми ихтисоси санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ. Технология Нарзиқуло Нусратулло доир гардид. Ин ташаббус ба муносибати солгарди навбатии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои таълимӣ-эҷодии донишҷӯ аз фанҳои расм, мусаввирӣ, наққошӣ ва кундалкорӣ намоиш дода шуд.

Декани факултет ва устодони кафедраҳо аз намоиши корҳои таълимӣ-эҷодии донишҷӯ дидан намуда, ҷиҳати таҳкими маҳорат ва малака ба донишҷӯ Нарзиқуло Нусратулло маслиҳатҳои муфид доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ