​Намоиш-фурӯши корҳои эҷодии донишҷӯёни факултети санъати тасирӣ ва дизайн

Имрӯз, 20-уми феврали соли 2024 Қасри ҷавонони ба номи Лоқи Шералӣ намоиш-фурӯшии корҳои эҷодии донишҷӯёни факултети санъати тасвирӣ ва дизайн зери унвони «Меваҳои ситиқлол»ташкил ва баргузор мегардад.

Нахуст иштирокчиён аз маҳсули эҷоди донишҷӯёни факултети санъати тасвирӣ ва дизайн, ки дар даромадгоҳи бино гузошта шуда буд дидан намуданд.

Ректори Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб суханронӣ намуда, афзуд, ки пас аз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди ҳунарҳои халқӣ, нақшакашӣ ва дизайн эътироф гардид.

Сиёсати маорифпарварона ва дурбинонаи Сарвари давлат дар самти густариши технология ва ҳунарҳои мурдумӣ ва сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, дар ин замина ҳам дар сатҳи ҷумҳурӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ тадбирҳои муҳимеро роҳандозӣ намуда истодааст.

Гуфта шуд, ки тољикон аз љумлаи халќњои ќадимтарини дунё буда, бо роҳандозӣ ва равнақ бахшидани бахшҳои ҳунару ҳунармандӣ дар инкишофи тамаддуни башарї сањми арзанда гузоштаанд. Мањорат ва завќи баланди ниёгони мо аз ёдгориҳои таърихии Бохтару Хатлони ќадим санъати волои меъмории онњо ба таври рӯшан ба назар мерасанд, ки боиси ифтихор ва сарфарозии мо хоҳад буд.

Таъкид рафт, ки Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҳамчун як боргоҳи илму маърифат ва маркази инкишофи санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ дар роҳи татбиқи сиёсати маорифпарварона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат имрӯз нақши арзанда гузошта истодааст.

Зикр шуд, ки бо дарки ин маънӣ, раёсати Донишгоҳ дар оянда низ рушди соҳоти мазкурро ба яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти хеш табдил дода, бо ташаббусҳои тоза, ибтикороти судманд ва меҳнати софдилона ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми шоиста мегузорад.

Иттилоъ дода шуд, намоиш-фурӯшии корҳои эҷодии донишҷӯён санаҳои 20-ум ва 21-уми феврали соли равон идома мекунад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ