НАҚШИ ЗИЁИЁН ДАР ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ
Амалҳои коррупсионӣ дар ҳама давру замон ҳамчун унсури манфии низоми идоракунӣ шинохта шуда, барои амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи манфиатҳои давлату ҷомеа хатар эҷод мекунанд. Имрӯз низ, мутаассифона, ин амали номатлуб новобаста аз пешрафти илму техника ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум арзи ҳастӣ менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба муносибати 10-солагии таъсисёбии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия (10 январи соли 2017) таъкид намуда буданд, ки: «Коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад».
Ин суханони Пешвои миллат гувоҳи онанд, ки коррупсия дар баробари расонидани зарари молиявӣ ба давлату ҷомеа, эътимоди шаҳрвандонро ба қонун, адолат ва баробарҳуқуқӣ коҳиш дода, ҳуқуқу озодиҳои инсонро поймол ва пояҳои ахлоқии ҷомеаро заиф мегардонад.
Кишвари мо дар самти мубориза ва муқовимат бо ин амали номатлуб санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегияҳо ва барномаҳои дарозмуддатро қабул намуда, барои паст кардани сатҳи коррупсия чораҳои заруриро меандешад. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки танҳо ошкор намудани ҳолатҳои коррупсионӣ, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ҷазо додани шахсони гунаҳгор барои пешгирии ин зуҳуроти хатарнок
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020 пешгирии коррупсия яке аз самтҳои асосии муқовимат ба ин зуҳурот ба ҳисоб меравад. Дар байни чораҳои пешбинишудаи пешгирии коррупсия тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ, таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ ва таҳлили хавфҳои коррупсионӣ мавқеи муҳим доранд.
Тарғибу ташвиқ ва таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ ба баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионии аҳолӣ ва ташаккули ҳисси тоқатнопазирӣ нисбат ба амалҳои коррупсионӣ мусоидат мекунанд. Барои татбиқи ин муқаррароти қонун саҳми зиёиён, омӯзгорон, кормандони соҳаи фарҳанг ва ҳамаи шахсоне, ки ба таълиму тарбия ва ғанӣ гардонидани маънавиёти мардум машғуланд, ниҳоят муҳим аст.
Қонуни мазкур доираи васеи субъектҳои муқовимат ба коррупсияро муайян намудааст. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки муқовимат ба коррупсия на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки масъулияти тамоми ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, соҳаҳои маорифу илм, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва занон, инчунин дигар қишрҳои ҷомеа бояд дар ин самт фаъолона саҳм гузоранд.
Вақте инсон ба чунин хулоса меояд, ки натиҷаи меҳнат на бар асоси дониш, малака, масъулият ва қобилият, балки бо роҳҳои осону ғайриқонунӣ арзёбӣ мешавад, хатари паҳншавӣ ва авҷ гирифтани амалҳои коррупсионӣ меафзояд.
Амалҳои коррупсионӣ ба муқаррароти моддаҳои 5 ва 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат доранд. Моддаи 5 инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф мекунад, моддаи 17 баробарии ҳамаро дар назди қонун ва суд кафолат медиҳад. Шахсоне, ки ба содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ гунаҳгор дониста мешаванд, мутобиқи муқаррароти Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Омӯзгорони зинаҳои гуногуни таҳсилот бояд дар фаъолияти худ ба таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, сабабу омилҳои пайдоиши коррупсия ва роҳҳои пешгирии онро ба хонандагону донишҷӯён дуруст фаҳмонанд. Ҳамчунин, зарур аст, ки дар зеҳни ҷавонон ҳисси тоқатнопазирӣ нисбат ба коррупсия ташаккул дода шавад.
Агар кӯдакону наврасон ва ҷавонон аз хурдӣ бо ҳолатҳои ноадолатӣ ва нобаробарии марбут ба коррупсия рӯ ба рӯ шаванд ва барои бартараф намудани чунин ҳолатҳо чораҳои саривақтӣ андешида нашаванд, онҳо метавонанд дар оянда ин амалҳои номатлубро ҳамчун як падидаи маъмулӣ қабул намоянд.
Масалан, як донишҷӯ дарсҳоро хуб аз худ мекунад ва супоришҳои омӯзгорро сари вақт иҷро менамояд, донишҷӯи дигар бошад, ба омӯзиш саҳлангорӣ зоҳир мекунад, аммо омӯзгор ҳангоми баҳогузорӣ ба ӯ баҳои баланд мегузорад. Чунин муносибати ноодилона ба донишҷӯи аввал таъсири манфӣ расонида, дар ӯ эҳсоси беадолатиро ба вуҷуд меорад ва ҳатто метавонад боиси дилсард шудани ӯ аз омӯзиш гардад.
Хонандагону донишҷӯён аз омӯзгор на танҳо дониш ва малака, балки одобу рафторро низ меомӯзанд ва аз ӯ ибрат мегиранд. Аз ин рӯ, ҳақиқатҷӯиву ҳақталабӣ, одилона баҳогузорӣ кардан, муносибати беғаразона бо шогирдон, доштани ахлоқи ҳамида ва дониши зарурӣ аз ҷумлаи шартҳои муҳими тарбияи насли солим, босавод ва ватандӯст мебошанд.
Олимони соҳаи ҷомеашиносӣ метавонанд тавассути таҳияи мақолаҳо ва асарҳои илмӣ-таҳлилӣ сабабу шароитҳои ба пайдоиш ва густариши коррупсия мусоидаткунандаро омӯзанд, роҳҳои муосири муқовимат ба онро таҳлил намоянд ва хулосаву тавсияҳои худро ба ҷомеа пешниҳод кунанд.
Мо бояд пеш аз ҳама қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро омӯзем, мазмуну талаботи онҳоро дарк намоем ва риоя кунем. Ҳамчунин, бояд хуб дарк намоем, ки амалҳои коррупсионӣ ба зиндагии осоишта, рушди устувори соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб зарари ҷиддӣ мерасонанд.
Шахсе, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ бо амалҳои коррупсионӣ рӯ ба рӯ мешавад, метавонад ҳамеша дар ҳолати тарсу изтироб қарор гирад, ба саломатии худ зарар расонад ва бо оқибатҳои дигари ногувор рӯ ба рӯ шавад.
Ҳамин тариқ, ҳамаи қишрҳои ҷомеа бояд таҳдиду хатарҳои коррупсияро дуруст дарк намоянд. Зиёиён, равшанфикрон, олимон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун бояд дар муқовимат ба коррупсия тавассути таълиму тарбия, тарғибу ташвиқ ва таҳлили илмии хавфҳои коррупсионӣ мунтазам ва фаъолона саҳм гузоранд.
Мо бояд дар ҷомеа муҳити оштинопазирро нисбат ба коррупсия тақвият бахшем, арзишҳои адолат, ростқавлӣ ва масъулиятшиносиро тарғиб намоем ва рисолати касбӣ ва миллии худро софдилонаю содиқона иҷро кунем.
Иброҳим Ҷабборзода,
дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»