​Нақши пасандоз дар замони муосир

Ин унвони семинари илмӣ – назариявӣ буд, ки дар факултети иқтисодӣ бо иштироки намояндагони ТАҚХ “Матин” баргузор гардид. Ин ташаббус бахшида рузи байналмилалии пазандозҳо ба роҳ монда шуд.

Дар доираи семинар аз тарафи кормандони бонк дар мавзўи «Нақши пасандоз дар замони муосир» маърӯза шунида шуда, оид ба моҳияти амалиётҳои пасандозӣ ва манфиатҳои он маълумоти муфассал манзур гардид.

Дар идома бо донишҷўён бозиҳои интерактивӣ гузаронида шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳадаф аз ташкили семинар дар амал татбиқ намудани дониши назариявӣ бо амалия, пайдо намудани маълумот оид ба беҳтар истифода бурдани маблағ, пасандозҳои бонкӣ ва бурдани суратҳисобҳои пасандозӣ мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ