​Нақши асарҳои Пешвои миллат дар таълиму тарбияи наврас

Аз ҷониби дотсенти кафедраи педагогикаи умумӣ Шарипов Абдуҳаким дар факултети физика ва техника дарси кушод гузаронида шуд. Дар доираи ин дарси намунавӣ нақши асарҳои Пешвои миллат дар таълиму тарбияи наврасон мавриди матраҳ қарор гирифт.

Дар дарси кушод декани факултети физика ва техника Парвиз Пӯлотовиштирок намуда, аз чунин иқдоми дотсент Шарипов истиқбол ва барои омӯзгорони ҷавон намунаи ибрат унвон кард.

Дотсент Абдуҳаким Шарипов зимни шарҳи мавзуъ доир ба аҳамият, мавзуъ ва муҳтавои асарҳои Пешвои миллат сухан кард.

Таъкид гардид, ки мутолиаи асарҳои Пешвои миллат ҷиҳати тарбияи дурусти насли наврас ва ҷавон нақши муассир гузошта, хонандаро ба ватандӯстӣ, худшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол ҳидоят мекунад.

Ҳамзамон, аз ҷониби донишҷӯён чанде аз асарҳои Пешвои миллат шарҳ дода шуда, доир ба мундариҷаи он андешаҳо ироа шуданд.

Бо табодули афкор ва суолу ҷавоб перомуни нақши асарҳои Пешвои миллат ҷиҳати таълиму тарбияи насли ояндасози миллат дарси кушод анҷом ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ