​Нақши асарҳои Пешвои миллат дар таҳкими ҳисси худшиносии миллии ҷавонон

Бо ташаббуси факултети санъати тасвирӣ ва дизайн дар мавзуи “Нақши асарҳои Пешвои миллат дар таҳкими ҳисси худшиносии миллии ҷавонон” миёни донишҷӯён мусобиқаи ҳозирҷавобон ташкил шуд, ки муҳтавоии асосии он ба донишҷӯён нишон додани арзишҳои Асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Таъкид шуд, ки асарҳои пурғановати Пешвои миллат дар ҷодаи тарбияи ҷавонон дар натиҷаи мутолиаи асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон ояндаи миллат», «Аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугўи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор» таъсири хуб дорад.

Дар озмун ду даста иштирок намуда, дастаи донишҷӯписарон ғолиб дониста шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ