​Мушкилоти геоэкологӣ ва азхудкунии сарватҳои зеризаминӣ

Таҳти унвони “Мушкилоти геоэкологӣ ва азхудкунии сарватҳои зеризаминӣ” бо иқдоми кафедраи географияи иқтисодӣ ва демография конференсияи илмӣ - амалӣ баргузор гардид. Ин ташаббус дар доираи ҳафтаи илм, ки шуруъ аз санаи 6 март инҷониб дар факултети геоэкология ва туризм идома дорад, ба роҳ монда шуд.

Мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва демография, дотсент Саидова Дилором дар мавриди аҳамияти конференсия ибрози назар намуд.

Таъкид гардид, ки устувории иқтисоди миллӣ аз рушди саноат вобастагии зиёд дошта, истифода аз ашёи хоми ватанӣ метавонад ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, гардиши дохилии молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, устувории низоми иқтисодӣ ва таъмини амнияти иқтисодӣ мусоидат намояд.

"Дар шароити муосир таъмини устуворӣ ва беҳбудии бахшҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла, саноат ва татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат аҳамияти хосса дорад. Дар марҳилаи саноатикунонии босуръат кормандони соҳаи илм ва маорифро зарур аст, ки дар амалӣ гаштани ҳадафи чоруми миллии кишвар саҳмгузор бошанд” – зикр шуд дар конференсия.

Дар доираи кори конференсия сармуаллимаи кафедраи географияи иқтисодӣ ва демография Ҷӯраева Мавлуда дар мавзӯи “Аҳамияти истифодаи захираҳои обӣ - гидроэнергетикии Тоҷикистон дар истеҳсоли “Нерӯи сабз”, рушди босуботи саноат ва ҳалли масъалаҳои геоэкологии давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ”, таҳти унвони “Муаммоҳои иқтисодӣ ва геоэкологии истифодаи захираҳои канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон дар рушди саноати кӯҳӣ” сармуаллимаи кафедра Сидиқова Раънохон ва муаллимаи кафедраи географияи иқтисодӣ ва демография Муаззама Темирӣ дар мавзӯи “Рушди устувори саноат: усулҳои инноватсионии геоэкологии партовобтозакунӣ” маърӯза намуданд.

Иқдоми мазкур ҷиҳати баррасии мавзуи мавриди назар ва табодули афкор оид ба роҳҳои таъмини рушди соҳа заминаи гузошт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ