​Мулоқот: Зиракии сиёсӣ - кафили пешгирӣ аз таҳдидҳои муосир

Дар факултети геоэкология ва туризм ҷиҳати пешгирӣ аз таҳдидҳои муосири ҷомеа вохӯрӣ доир гардид.

Дар кори мулоқоти мазкур декани факултет Абдухолиқзода Музаффар ва подполковники милитсия Турсунзода Нозимҷон иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки мулоқоти мазкур ба мавзуи "Террорист Ватан, дин, мазҳаб надорад" бахшида шуд.

Декани факултет ҳадаф аз ин ташаббусро пешгирӣ аз пайомадҳои нохуши зуҳуроти номатлуб унвон намуд.

Подполковники милитсия Турсунзода Нозимҷон дар мавриди омил ва сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ маърӯза намуда, баланд бардоштани маърифати ҷавонон ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносиро кафили пешгирӣ аз ин зуҳурот маънидод намуд.

Аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҷиҳати мубориза бо терроризму экстремизм саҳмгузор бошанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ