​Мулоқот: сиёсати давлатии фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа

Дирӯз дар толори калони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати амалишавии “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” бо иштироки муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умеда Абдуллозода ва раисони шӯрои занон ва донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии маркази вилояти Суғд мулоқоти судманд баргузор гардид.

Зимни мулоқот Умеда Абдуллозода таъкид дошт, ки Истиқлоли давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар дастовардҳои бесобиқа, инчунин, ба баланд гардидани мақоми зан дар ҷомеаи нақши мондагор гузошт. Зикр шуд, ки имрӯз дастгирии занон дар сатҳи давлатӣ зери таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ва махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар идома Умеда Абдуллозода ба иштирокчиёни чорабинӣ доир ба самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ҷиҳати фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа, татбиқи принсипи баробарҳуқуқӣ ва имконият фароҳам овардан барои амалисозии он, таъмини намояндагии баробари мардон ва занон дар соҳаҳои мухталифи фаъолият, пешгириву мубориза ва аз байн бурдани зӯроварӣ нисбат ба занон, ки ҳадафи асосии “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”-ро муайян менамоянд, ибрози назар намуд.

Ҳамзамон пешниҳод карда шуд, ки дар назди муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят ҷиҳати омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби духтарону бонувони болаёқат маҳфили доимамалкунандаи “Зан-роҳбар” ташкил карда шуда, донишҷӯёни фаъол ба он ҷалб карда шаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ