​Мулоқот: пешгирӣ аз таҳдидҳои муосир

Дар факултети биология ва химия бо ибтикори кафедраи ботаника ва физиологияи растаниҳо мулоқоти судманд доир шуд. Дар мулоқот намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ин ташаббус сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва роҳҳои мубориза бо таҳдидҳои муосир баррасӣ ёфтанд.

Аз донишҷӯён даъват гардид, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҷиҳати мубориза бо зуҳуроти номатлуб саҳим бошанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ