​Мулоқот: Нақши асарҳои Пешвои миллат дар рушди таълиму тарбияи насли наврас

Бо ташаббуси устодони кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ, дар хобгоҳи духтарони №-3 мулоқоти устодон бо донишҷӯён дар мавзуи "Нақши асарҳои Пешвои миллат дар рушди таълиму тарбияи насли наврас" ташкил ва баргузор гардид.

Устоди кафедра Ноил Мирзозода баромад намуда, таъкид дошт, ки мутолиаи асарҳои Пешвои миллат ҷиҳати тарбияи дурусти насли наврас ва ҷавон нақши муассир гузошта, хонандаро ба ватандӯстӣ, худшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол ҳидоят мекунад.

Дар идома омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ Насиба Рафибаева, ва Манижа Мирмаматова зимни баромади хеш афзуданд, ки асарҳои Пешвои миллат танҳо ба хотири донистани гузашта набуда, балки дастурест, ки роҳи имрӯзу ояндаи давлат ва пешомадҳои давлатдориро рӯвшан намуда, ҷиҳати таҳкими ғояҳои ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ваҳдату ягонагӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда равона гардидааст.

Бо табодули афкор ва суолу ҷавоб перомуни нақши асарҳои Пешвои миллат ҷиҳати таълиму тарбияи насли ояндасози миллат мулоқот анҷом ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ