​Мулоқот: муаррифии ихтисосҳои донишгоҳ барои довталабон

Устодони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Мастчоҳ ҷиҳати тарғиби дастовард ва имкониятҳои донишгоҳ бо довталабон мулоқот карданд.

Дар доираи ин ташаббус ба довталабон дар бораи ихтисосҳои донишгоҳ, факултет ва имтиёзу шароити раванди таълим маълумоти муфассал дода шуд.

Ҳамзамон, ба хонандагон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

Суолу ҷавоб миёни устодону довталабон имконият дод, ки хонандагон дар бораи равандҳои фаъолияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маълумоти мукаммал пайдо намуда, дар самти интихоби ихтисос қарори дуруст бароранд.

Чунин мулоқот дар дигар шаҳру навоҳӣ идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ