​Мулоқот: Коррупсия – зуҳуроти номатлуб

Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ бо иштироки сарнозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Каримзода Ҳамза Ҳакимзода мулоқот доир гардид.

Ин ташаббус ба муносибати Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди коррупсия ба роҳ монда шуд.

Каримзода Ҳамза Ҳакимзода доир ба мавзӯи “Коррупсия - зуҳуроти номатлуб” маърӯза намуда, дар бораи пайомад ва хатарҳои коррупсия ибрози назар намуд.

Таъкид гардид, ки муқовимат бо коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, самаранокии он аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ вобастагии зич дорад.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, ки мизоникоррупсия то ҳол дар сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои тандурустӣ, маориф, мақомотҳои заминсозӣ пурра бартараф карда нашудааст. Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш дода, барои рушди иқтисодиёт ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояи ахлоқии ҷомеа мегардад” – зикр шуд дар мулоқот.

Дар идома Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ