​Мулоқот бо волидони донишҷӯёни соли якум

Дар факултети забонҳои шарқ вохӯрии навбатӣ бо волидони донишҷуёни курсҳои якум баргузор гардид. Ҷаласаро декани факултет Ислом Раҳимов ифтитоҳ бахшида, масълаҳои мубрами вобаста ба самти таълиму тарбияро ба волидони донишҷӯён баён намуда, мазмун ва мундариҷаи низоми таҳсили донишҷӯёнро шарҳу тавзеҳ дод.

Сипас, муовини декан оид ба корҳои тарбия перомуни масоили тарбияи ҷавонон дар роҳи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, риояи сару либоси тавсиявӣ, роҳ надодан ба кирдорҳои ношоиста ва мубориза лайҳи падидаҳои номатлуби ҷомеаи муосир ибрози назар намуд.

Ҳамзамон, аз волидонн хоҳиш карда шуд, ки пайваста аз рафти таълиму тарбияи фарзандонашон огоҳ ва баҳри рафъи мушкилоти ҷойдошта бо садорати факултет дар робита бошанд.

Таъкид гардид, ки ҳадафи ин вохӯрӣ шинос намудани волидон ва донишҷўён бо низомномаи дохилидонишгоҳӣ ва қарору фармонҳои амалкунанда, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти №274 аз 8 июни соли 2007, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 таҳти №762 «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», фармоиши Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1889 аз санаи 04.10.2007 (Қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-июли 2007, таҳти №14/2) дар бораи тасдиқи «Дастуруламали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ», пешгирии падидаҳои нолматлуб дар дар байни ҷавонон, ба машғулиятҳои таълимӣ саривақт ҳозир шудан, пешгоирии ҳолатҳои сӯхтор дар хобгоҳҳо ва хонаҳои иҷоравӣ, истифодаи бамавриди телефонҳои мобилӣ маҳсубмеёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ