​Мулоқот бо аҳли қалам ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик

Дар факултети филологияи тоҷик ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола дар таърихи 11 март таҷлил мегардад, бо намояндагони воситаҳои ахбори омма мулоқот доир гардид.

Ин ташаббус дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ифтихори 112 - солагии таъсисёбии нахустин рӯзномаи сирф тоҷикӣ - "Бухорои Шариф" роҳандозӣ гардид.
Дар мулоқоти мазкур муовини Раиси Суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Карими Шариф, сармуҳаррири нашрияи вилоятии "Ҳақиқати Суғд" Аминҷон Шарифзода, сармуҳаррири ШТР "СМ-1" Илҳомҷон Ҳошимов ва сармуҳаррири нашрияи “Эътиқод” Нуъмониддин Камолиддинов иштирок намуданд.

Декани факултет Замира Ӯлмасзода мулоқотро ифтитоҳ бахшида, аҳли қалам ва донишҷӯёни риштаи рӯзноманигориро бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик табрик гуфт.

Дар идома меҳмонон доир ба талаботи журналистикаи муосир, риояи меъёрҳои этикаи касбии журналистика, омилҳои муҳим дар самти тарбияи журналистони ҳирфаӣ, нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар фаъолияти рӯзноманигорӣ маърӯза ва андешаҳои ҷолиб ироа намуданд.

Бо суолу ҷавоб, табодули афкор ва пешниҳоду маслиҳатҳои муфид миёни меҳмонон ва донишҷӯёни бахши рӯзноманигорӣ мулоқот ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ